“Меҳмони хосса”. Вазири фарҳанг ба намоишгоҳи “Китоби Теҳрон” рафт

Date:

Имрӯз, 11-уми май, дар Эрон Намоишгоҳи 34-уми байналмилалии “Китоби Теҳрон” оғоз шуд. Зулфия Давлатзода, вазири фарҳанги Тоҷикистон дар ин ҷашнвора “Рӯзи Тоҷикистон”-ро расман ифтитоҳ кард. Дар ин бора Манучеҳр Фақирмаҳмадов аз Раёсати байналмилалии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, беш аз 20 нафар ноширон, рассомон, кандакорон, дӯзандагон ва дигар намояндагони ҳунарҳои мардумии тоҷикон дар ҷашнвораи байналмилалии “Китоби Теҳрон” Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд.

“Ҷашнвораи “Китоби Теҳрон” имрӯз бо ҳузури вазири фарҳанг Зулфия Давлатзода расман ифтитоҳ шуд ва то 18-уми май идома хоҳад кард. Дар он ҷо китобҳои тозанашр, расмҳо, кандакориҳо, гулдӯзиҳо ва дигар ҳунарҳои миллии мо ба намоиш гузошта мешаванд”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Манучеҳр Фақирмаҳмадов таъкид кард, ки Тоҷикистон ба ҳайси меҳмони хосса дар ин ҷашнвора иштирок менамояд.

Ҳамчунин, Фақирмаҳмадов илова кард, ки дар ҳошияи ифтитоҳи Намоиши байналмилалии “Китоби Теҳрон” дирӯз, 10-уми май, мулоқоти Вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода бо Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон Маҳдии Исмоилӣ доир гардид.

“Зимни сӯҳбат вобаста ба ҳамкории фарҳангӣ, аз ҷумла дар соҳаи театр, санъат ва нашри китобҳо табодули афкор анҷом дода шуд”, – афзуд ӯ.

Бояд гуфт, ки дар Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Теҳрон” намояндагони 60 давлати дунё иштирок менамоянд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Намоишгоҳи "Китоби Теҳрон"

Ёдовар мешавем, ки Намоишгоҳи байналмилалии “Китоби Теҳрон” аз маъруфтарин ҷашнвораҳои байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, солҳо ба ин сӯ фарҳангиёни тоҷик дар он ширкат меварзиданд.

Давоми чанд соли охир бо сабаби сард шудани муомилоти ду кишвар фарҳангиёни тоҷик дар ин ҷашнвора ширкат карда натавонистанд, вале пас аз ба нарми гароидани муносибатҳои Тоҷикистону Эрон дар ду соли охир намояндагони Тоҷикистон расман дар ҷашнвора ширкат мекунанд ва ҳунарҳои миллиро ба намоиш мегузоранд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...