Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 бо Қатар, Лубнон ва Чин бозӣ мекунад

Аз рӯи натоиҷи қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки имрӯз, 11-уми май, дар шаҳри Давҳаи давлати Қатар баргузор шуд, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” қарор гирифт ва рақибони он мунтахабҳои Қатар, Лубнон ва Чин интихоб шуданд. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад. Дар ин чорабинӣ ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, сармураббии […]

Аз рӯи натоиҷи қуръакашии марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки имрӯз, 11-уми май, дар шаҳри Давҳаи давлати Қатар баргузор шуд, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “А” қарор гирифт ва рақибони он мунтахабҳои Қатар, Лубнон ва Чин интихоб шуданд.

Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ин чорабинӣ ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, сармураббии тими миллии Тоҷикистон, мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ва мудири тими миллии кишвар Беҳрӯз Айниддинзода ширкат карданд.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ 24 даста ба 6 гурӯҳи иборат аз 4 дастаӣ тақсим мешавад. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарини дар зинаи сеюм қарордошта ба даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳангоми қуръакашӣ ба сабади чаҳорум якҷо бо Ҳиндустон, Тайланд, Малайзия, Ҳонконг ва Индонезия ворид шуда буд.

Ҳаждаҳумин Ҷоми Осиё байни дастаҳои миллӣ аз 12 январ то 10 феврали соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад.

Натиҷаи ниҳоии қуръакашӣ чунин аст:

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.