Эмомалӣ Раҳмон ба Сардор Бердимуҳаммадов табиати зебои Варзобро нишон дод

Date:

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ва Сардор Бердимуҳаммадов, Президенти Туркманистон рӯзи 11-уми май аз мавзеи Такоб боздид карда, манзараҳои зебои минтақаи Варзобро тамошо карданд.

“Сарони давлатҳо дар мавзеъҳои зебоманзари Варзоб сайру гашт карда, суҳбати озоди дӯстона анҷом доданд ва аз табиати сабзу хуррам ва ҳавои тозаи Тоҷикистони офтобӣ баҳра бурданд”, – зикр мекунад дафтари матбуоти раисиҷумҳур.

ГАЛЛЕРЕЯ (10)










Ёдовар мешавем, ки Сардор Бердимуҳаммадов рӯзи 10-уми май ба Тоҷикистон бо сафари давлатӣ ташриф овард ва бо Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ мулоқотҳо анҷом дод.

Дар паи натоиҷи мулоқотҳои сарони давлатҳо ва ҳайатҳои расмии ду кишвар дар Душанбе 24 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Сардор Бердумуҳаммадов 11-уми май ба Туркманистон баргашст ва ӯро дар фурудгоҳи Душанбе сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода гусел кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related