Имрӯз дар Душанбе фестифали “Навои Шашмақом” баргузор мешавад

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Имрӯз, 12-уми май, ба ифтихори Рӯзи Шашмақом дар Душанбе фестивали “Навои Шашмақом” баргузор мешавад. Дар ин бора аз Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Ба гуфтаи манбаъ, фестивали мазкур соати 18:00 дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев оғоз мешавад. Вуруд ба консерт бо даъватнома ва чипта аст.

“Дар фестивали “Навои Шашмақом” Ансамбли “Шашмақом”-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон ва шашмақомсароёни маъруф аз шаҳру навоҳии Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Панҷакент, Конибодом, Бохтар ва Душанбе ширкат меварзанд”, – гуфтанд аз Филармония.

Тавре масъулин афзуданд, дар доираи ин фестивал шашмақомсароён қадрдонӣ хоҳанд шуд.

Бояд гуфт, Шашмақом – мусиқии суннатии миллати тоҷик аст ва аксари таронаҳои он дар бораи ишқу ирфон суруда мешавад. Дар ин навъи мусиқӣ созҳои рубоб, барбат, доира, даф ва танбур ба кор бурда мешаванд.

Маврид ба зикр аст, ки Шашмақом аз мақомҳои бузрук, рост, наво, дугоҳ, сегоҳ ва ироқ ташкил шудааст. Шашмақом гоҳо ба ҳайси мусиқии ҳол ва “Қуръон”-и мусиқӣ ёд мешавад.

ЮНЕСКО соли 2000 Шашмақомро дар феҳристи кӯҳантарин сабкҳои мусиқӣ ва ҳамчунин, меъроси ғайримодӣ сабт кард. Он аз ҷониби аксари мусиқишиносон ҳамчун шоҳкории фарҳангӣ эътироф мегардад.

Ёдовар мешавем, ки ҳар сол 12-уми май дар саросари кишвар чун “Рӯзи Шашмақом” таҷлил мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...