Боз кардани дари масҷид дар Исфара ва раҳоии як зан дар Панҷакент баъди ваъдаи фиристодани ҷавонон ба артиш

Asia-Plus

Бо гузашти як моҳ аз оғози мавсими даъвати баҳорӣ ба хидмати ҳарбӣ дар кишвар шеваҳои ғайримаъмули ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ расонаӣ мегардад. Мақомоти шаҳри Панҷакент Санам Умарқулова, модари як ҷавони аз хидмати ҳарбӣ саркашикардаро ду шабонарӯз дар бинои ҷамоат нигоҳ доштаанд. Мақомоти шаҳри Исфара бошад, дари масҷидеро баста, гуфтаанд, то ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ нараванд, дари онро намекушоянд.

Ду роҳи наҷот?

Дар бинои ҷамоат ва бидуни ихтиёр ду шабонарӯз нигоҳ доштани Санам Умарқулова, сокини деҳаи Киштӯдаки ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои зиёдро барангехт.

Худи Санам Умарқулова дар тамоси телефонӣ ба аҳли хонаводааш гуфта, ки намояндагони комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент ва кормандони ҷамоати деҳоти Ёрӣ ба ӯ “ду роҳи наҷот”-ро пешниҳод кардаанд: ё писараш аз муҳоҷирати меҳнатӣ аз Русия ба Тоҷикистон омада, ба сафи қувваҳои мусаллаҳ мепайвандад ва ё 24 ҳазор сомонӣ маблағ пардохт мекунад.

Дар комиссарияти ҳарбии шаҳри Панҷакент ба мо дар ин бора маълумот надоданд.

Аммо Ҳусайн Ахмедов, муовини раиси ҷамоати Ёрӣ дирӯз, 17-уми май, зимни суҳбати телефонӣ бо “Азия-Плюс” гуфт, ки Санам Умарқулова дар хонааш аст.

“Мо барои он ки писари Санам Умарқулова ба хидмат равад, ҳафтаи гузашта даъватномаи хидмати ҳарбӣ дода будем, вале ӯ боздошт нашудааст. Ӯ ҳоло дар хонааш ва дар назди фарзандону пайвандонаш аст”, – гуфт Ахмедов.

Бояд зикр кард, ки Санам Умарқулова модари 5 фарзанд – 3 писар ва ду духтар буда, яке аз кӯдаконаш ширмак мебошад.

Аввал артиш баъд масҷид?

Дари масҷиди ба номи “Умари Одил”-ро дар деҳаи Найман (ҳоло Сароб)-и ҷамоати Сурхи Исфара 9-уми май бастаанд. Дар ин бора аввалин бор Радиои Озодӣ иттилоъ дод.

Ин расона бо истинод ба гуфтаи сокинони ҷамоат навишт, ки мақомот шарт гузоштаанд, агар ҷавонони синни даъват ба комиссариати ҳарбӣ барои рафтан ба артиш ҳозир нашаванд, дари масҷидро намекушоянд.

“Ба гуфтаи сокинон, масҷид пас аз он боз шуд, ки чанд падару модар ваъдаи фиристодани фарзандонашон ба артишро доданд”, – зикр намуд Радиои Озодӣ.

Дар робита ба ин ҳодиса низ мақомот шарҳе надоданд.

Маврид ба зикр аст, ки масъалаи ҷалби шаҳрвандони синни даъват ба хидмати ҳарбӣ ва саркашии ҷавонон аз он чанд сол аст боиси баҳсҳои доғ дар ҷомеа мегардад.

Дар аксар ҳолат ҷавонон шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ (дедовшина) ва ҳодисаҳои марги аскаронро аз омилҳои аслии саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ мегӯянд.

Воқеан, дар чанд солаи ахир шеваи ғайриқонунии ҷалби ҷавонон ба артиш, ба мисли “гаравгонгирии волидайн”-у “шикор дар фурудгоҳ” расонаӣ мешаванд. Ахиран, навори латукӯби наваскарон аз ҷониби ҳамхидматони худ, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври васеъ паҳн шуд, боиси такроран оғоз шудани баҳсҳо гардид.

Мақомоти масъули кишвар на ҳамеша ҳодисаҳои зикргардидаро шарҳ медиҳанд ва пайваста ба набудани “облава” таъкид мекунанд. Масъулин мегӯянд, ҷавонон баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, мақомоти милитсия ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Маврид ба зикр аст, ки мақомот барои ҷалби бештари ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ имтиёзҳои гуногун, ба мисли ҷудо кардани қитъаҳои замин, додани шаҳодатномаи ронандагӣ, дар маҳалли зисти худ хидмат кардани онҳое, ки оиладоранд, ваъдаи таъмини оилаи онҳо дар давоми хидмат, пардохти маблағи шартномаи донишгоҳ ва ғайраро низ пешниҳод менамоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...