Интиқоди вакили парлумон аз “гаҳворабахш” ва номзадкунии бармаҳали ҷавонон дар кишвар

Asia-Plus

Муҷибахон Ҷавҳарӣ, вакили парлумони кишвар аз тамоюли номзадкунии бармаҳали ҷавонон, “гаҳворабахш” кардани писару духтар дар овони кӯдакӣ ва ба шавҳар додани духтарон дар синни 14-15 солагӣ дар кишвар нигаронӣ карда, гуфтааст, сабаби ин хурофот ва таассубӣ динӣ аст.

Ӯ бо нашри як мақола дар рӯзномаи “Садои мардум”, нашрияи расмии парлумони Тоҷикистон афзудааст, ки номзадии духтару писар барои хонадоршавӣ санад ва расмиёти қонунӣ надорад ва “агар тарафҳо ин марҳиларо аз 5 то 9 моҳ муайян намоянд, ин барои шинохт ва омодагӣ ба издивоҷ хубтар аст”.

Ба гуфтаи ин вакили парлумони тоҷик, “дар ҳолати тӯл кашидани даврони номзадӣ хастагӣ ва дилсардиҳо ба миён омаданаш мумкин, ки ин ба ду тараф садамаи равонӣ мерасонад”.

Ӯ дар идома аз номзадкунии бармаҳал, ки ба гуфтааш “солҳои охир дар баъзе деҳоти дурдасти кишвар амри воҷиб шудааст”, интиқод карда, афзудааст, баъди 14 ё 15-сола шудани духтар, хостгорҳо дар мекӯбанд ва волидайн ё худи духтар дар интихоби домодшаванда баъзан дуруст андеша накарда, бештар ба ҷанбаи моддиёт, масоили иқтисодӣ меандешанд.

“Дар бораи соҳибтахассусии домоди оянда касе чизе намепурсад. Мабодо хостгорҳо худашон изҳор кунанд, ки писарашон 24-27-сола аст, волидайни духтар ва худи духтар дар ҳайрат афтида, дарҳол мепурсанд, ки чаро то ҳол оиладор нест? Бале, ҷавони 27-сола ба назари мардуми деҳ калонсол менамояд. Ба назари онҳо номзадшавандагон, духтар 14-15 сола ва писар 17-18 сола бояд бошад!”, – нигаронӣ кардааст Муҷибахон Ҷавҳарӣ.

Ин вакили парлумон гуфтааст, имрӯз “номзадкунии бармаҳал” ҷои “гавҳорабахш”-и замони баъдишӯравиро гирифтааст ва ин падида “аз деҳаҳо ба шаҳр интиқол ёфтааст”.

Ӯ омили аслии номзадкунии бармаҳалро хурофот ё ақидаҳои беасоси динӣ медонад, ки “Тибқи ин ақида, волидон бояд, ки дар 14-15-солагӣ духтарашонро ба ҷавоне фотиҳа намоянд, то духтар ба ҷавони дигаре дил набандад”.

“Онҳое, ки соҳибтахассус нестанд, образи зиндагии хешро авлотар аз ҳама гуна тарзи зисти дигарон мебинанд ва ба шавҳар баромадани духтарро беҳтар аз таҳсил кардану соҳибҳунар шудан медонанд. Шароит фароҳам меоранд, то духтарони худро бармаҳал номзад намоянд, агар барвақттар ва ба хостгори мувофиқ надиҳанд, “бозори” духтар коста мешавад”, – афзудааст ӯ.

Ба таъкиди Муҷибахон Ҷавҳарӣ, омилҳои бармаҳал номзадшавӣ барои писарон фарқият дорад ва омил ягона аст: рӯй тофтан аз хизмати ҳарбӣ. Бо роҳи бармаҳал номзад ва сипас оиладор шудан соҳиби ду фарзанд мегарданд, бо ҳамин уҳдадории ҳарбӣ аз дӯшашон бардошта мешавад.

Ӯ дар охир, сабаби асосии пошхӯрии оилаҳоро номзадшавии бармаҳал унвон карда, афзудааст, ки маҳз омода набудани зану шавҳар ба зиндагии якҷоя ва дахолати шахсони калонсоли хонадон сабаби пошхӯрии оилаҳо дар кишвар аст.

“Яке аз падидаи манфии зуҳуроти мазкур ин аст, ки то ба синни никоҳӣ даромадани номзадҳо аз ҳар ду тараф хароҷоти зиёдро тақозо менамояд… Баъзан ҳимматҳои тарафайн ба ҳам мақбул намешавад ва боиси шикастани фотеҳа мегардад”, – хулоса кардааст ин вакили тоҷик.

Масъалаи пошхӯрии оилаҳо баҳсест, ки солҳост идома дорад ва тибқи оморӣ расмӣ, ҳамасола садҳо оила бо сабабҳои гуногун аз ҳам мепошанд.

Ба сурати умум, соли 2022 дар Тоҷикистон 14 ҳазор талоқ ба қайд гирифта шудааст, ки 2,9% зиёдтар нисбат ба соли 2021 мебошад.

Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ дар нишасти матбуотӣ, сабабҳои аслии азҳампошии оилаҳоро мушкилоти маишӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, нофаҳмӣ ва ихтилофҳо дар оила гуфт.

“Сабаби дигари азҳампошии оилаҳо нияти шаҳрвандии Русияро гирифтани сокинон мебошад. Яъне мардон расман ақди никоҳи худро бо занҳояшон бекор мекунанд, то ки дар Русия ақди никоҳи қалбакӣ банданд ва дар ҳамин ҳол, зиндагиашонро бо ҳамсарашон дар Тоҷикистон тибқи никоҳи мусулмонӣ идома медиҳанд”, – шарҳ дод раиси Кумита.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...