Вуруди сайёҳон ба Тоҷикистон қариб 45% афзуд

Давоми моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ теъдоди шаҳрвандони хориҷие, ки бо мақсадҳои гуногун ба Тоҷикистон омаданд, 260 ҳазор нафарро ташкил дод.  Ин нишондиҳанда 30,2% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 аст, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти кишвар. Беш аз 70%-и хориҷиён аз Ӯзбекистон (185,9 ҳазор нафар) ва зиёда аз 20%-ашон аз Русия (53,2 ҳазор […]

Давоми моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ теъдоди шаҳрвандони хориҷие, ки бо мақсадҳои гуногун ба Тоҷикистон омаданд, 260 ҳазор нафарро ташкил дод.  Ин нишондиҳанда 30,2% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 аст, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти кишвар.

Беш аз 70%-и хориҷиён аз Ӯзбекистон (185,9 ҳазор нафар) ва зиёда аз 20%-ашон аз Русия (53,2 ҳазор нафар) ба Тоҷикистон омадаанд.

Вуруди хориҷиён ба Тоҷикистон аз Қазоқистон (6,7 ҳазор нафар), Чин (3,5 ҳазор), Туркия (2,3 ҳазор), Афғонистон ва Эрон (1,2 ҳазор нафарӣ) ба қайд гирифта шудааст. Миқдори нисбатан ками вуруди шаҳрвандони хориҷӣ (камтар аз 1 ҳазор) аз дигар кишварҳо низ сурат гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз ҷумҳурӣ хориҷ шудаанд, 812,1 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки 38,4% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мебошад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти кишвар, дар семоҳаи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ 240 ширкати сайёҳӣ фаъолият кардаанд.

Дар ҷумҳурӣ 185 меҳмонхона, аз ҷумла 6-то панҷситорадор, 20-то чорситорадор, 16-то сеситорадор, 3-то дуситорадор, инчунин 2 меҳмонхонаи дараҷаи аввал ва 136 меҳмонхона бедараҷа фаъолият доштанд.

Ҳамчунин дар кишвар 27 хостелу мотел (ҷойи хоб ва меҳмонхонаҳои хурд), 5 осоишгоҳ ва лагерҳо баро кӯдакон, 52 осоишгоҳ, 7 маркази фароғату солимгардонӣ, 6 хонаи истироҳат, 1 кемпинг ва 4 пойгоҳ (база)-и сайёҳӣ амал мекунанд. Қобили зикр аст, ки мутахассисон сайёҳиро дар баробари соҳаҳои саноати маъдани кӯҳӣ ва гидроэнергетика яке аз бахшҳое медонанд, ки дар оянда баҳри рушди иқтисоди Тоҷикистон мусоидати зиёд карда метавонад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.