Сарвари давлати Тоҷикистон ба намояндагони 40 ширкати Чин чиҳо пешниҳод кард?

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 18 май дар доираи сафари худ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин бо намояндагони беш аз 40 ширкати бонуфузи сармоягузорӣ ва тиҷоратии ин кишвар дидору суҳбат кард.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки мулоқот ба рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни давлатҳо ва мардумони кишварҳо такони ҷиддӣ мебахшад.

Таъкид шуд, ки Тоҷикистон аз ибтидои соҳибистиқлолӣ ба рушди ҳамкориву шарикӣ дар самти пешбурди фаъолияти сармоягузориву соҳибкорӣ тавассути муҳайё намудани шароити мусоид манфиатдор мебошад.

“Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, рушди минбаъдаи соҳаҳои стратегӣ ва бахшҳои афзалиятнок, бахусус, энергетика, нақлиёт, саноату кишоварзӣ, алоқа, молияву бонкдорӣ ва сайёҳӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад”, – гуфт сарвари давлати Тоҷикистон.

“Қонунгузории амалкунандаи Тоҷикистон барои сармоягузорон беш аз 240 номгӯи кафолату имтиёзҳо, аз ҷумла зиёда аз 100 имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукиро муқаррар намудааст. Узвияти Тоҷикистон дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва як қатор конвенсияҳои байналмилалӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи сармоягузорон низ гувоҳи мутобиқ будани қонунгузории мо ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошад”, – таъкид дошт ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки ҳамкории судманди Тоҷикистону Чин имконият дод, ки соли гузашта ҳаҷми гардиши мутақобилаи мол то 40 фоиз афзоиш ёбад.

Ба гуфтаи ӯ, дар маҷмуъ, тайи 10 соли охир аз ҷониби сармоягузорони Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистон 2,6 ммлрд доллар сармоя ворид гардидааст, ки беш аз 57 фоизи онро сармояи мустақим ташкил медиҳад.

Намояндагони ширкатҳои тиҷоратии Чин дар навбати худ ба дастрас намудани энергия аз сарчашмаҳои барқароршаванда таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Дар ҷараёни вохӯрӣ лоиҳаҳои сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ ва имконоти содироти неруи барқ ба Чин баррасӣ шуданд.

Ғайр аз ин, зимни мулоқот масъалаи саноатикунонӣ ва рушди саноат дар Тоҷикистон баррасӣ шуд. Тоҷирони Чин ба роҳандозии ҳамкориҳо дар ин соҳаҳо, аз ҷумла тариқи таъсиси корхонаҳои муштарак таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Онҳо ҳамчунин ба рушди бахши кишоварзӣ дар Тоҷикистон манфиатдорӣ изҳор намуда, зикр карданд, ки дар шароити афзоиши талабот ба ғизо ва маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза, Тоҷикистон имкон дорад, ки таъминкунандаи ин гуна маҳсулоти кишоварзӣ ба бозори Чин гардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...