Вуруди сайёҳон ба Тоҷикистон қариб 45% афзуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Давоми моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ теъдоди шаҳрвандони хориҷие, ки бо мақсадҳои гуногун ба Тоҷикистон омаданд, 260 ҳазор нафарро ташкил дод.  Ин нишондиҳанда 30,2% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 аст, хабар медиҳад Агентии омори назди президенти кишвар.

Беш аз 70%-и хориҷиён аз Ӯзбекистон (185,9 ҳазор нафар) ва зиёда аз 20%-ашон аз Русия (53,2 ҳазор нафар) ба Тоҷикистон омадаанд.

Вуруди хориҷиён ба Тоҷикистон аз Қазоқистон (6,7 ҳазор нафар), Чин (3,5 ҳазор), Туркия (2,3 ҳазор), Афғонистон ва Эрон (1,2 ҳазор нафарӣ) ба қайд гирифта шудааст. Миқдори нисбатан ками вуруди шаҳрвандони хориҷӣ (камтар аз 1 ҳазор) аз дигар кишварҳо низ сурат гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, теъдоди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ аз ҷумҳурӣ хориҷ шудаанд, 812,1 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки 38,4% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мебошад.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти кишвар, дар семоҳаи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ 240 ширкати сайёҳӣ фаъолият кардаанд.

Дар ҷумҳурӣ 185 меҳмонхона, аз ҷумла 6-то панҷситорадор, 20-то чорситорадор, 16-то сеситорадор, 3-то дуситорадор, инчунин 2 меҳмонхонаи дараҷаи аввал ва 136 меҳмонхона бедараҷа фаъолият доштанд.

Ҳамчунин дар кишвар 27 хостелу мотел (ҷойи хоб ва меҳмонхонаҳои хурд), 5 осоишгоҳ ва лагерҳо баро кӯдакон, 52 осоишгоҳ, 7 маркази фароғату солимгардонӣ, 6 хонаи истироҳат, 1 кемпинг ва 4 пойгоҳ (база)-и сайёҳӣ амал мекунанд. Қобили зикр аст, ки мутахассисон сайёҳиро дар баробари соҳаҳои саноати маъдани кӯҳӣ ва гидроэнергетика яке аз бахшҳое медонанд, ки дар оянда баҳри рушди иқтисоди Тоҷикистон мусоидати зиёд карда метавонад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...