Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода рафт

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз бо сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода рафт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.

Нахуст дар шаҳри Турсунзода бо ҳузури президент маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 93 баргузор шуд.

Иншооти таълимӣ аз 2 ошёна ва 5 қисм иборат буда, бо 27 синфхона, 1 китобхона, 5 ҳуҷраи корӣ, толори маҷлис бо 196 ҷойи нишаст ва ҳуҷраи алоҳидаи тиббӣ барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Ба президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки дар ин муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳоло 400 нафар хонанда таҳсил мекунанд.  

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода Эмомалӣ Раҳмон ба Хоҷагии деҳқонии “Муродҷон” ташриф оварда, бо ҷараёни кишти такрории шолӣ ва ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ шинос шуд.

Гуфта мешавад, хоҷагии деҳқонии “Муродҷон” серсоҳа буда, дар тавозуни хоҷагӣ 64 гектар замин мавҷуд аст. Дар айни замон дар хоҷагӣ 54 нафар ба кори доимӣ ҷалб гардида, умед доранд, ки аз пиёзи барвақтӣ беш аз 100 тонна ҳосил ҷамъоварӣ намоянд.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Муродҷон” шолипарварӣ мебошад ва соли ҷорӣ дар як гектар ин навъи зироати кишоварзӣ  кишт карда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз рафти ҷамъоварии ҳосили пиёзи барвақтӣ ва кишти шолӣ бо деҳқонон суҳбати самимӣ ороста, ба онҳо дар самти истифодаи босамару оқилонаи замин, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи ҳукумат  изҳори  сипос  намуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...