Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Турсунзода рафт

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз бо сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода рафт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат. Нахуст дар шаҳри Турсунзода бо ҳузури президент маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 93 баргузор шуд. Иншооти таълимӣ аз 2 ошёна ва 5 қисм иборат буда, бо 27 синфхона, 1 китобхона, 5 ҳуҷраи корӣ, толори […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон субҳи имрӯз бо сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода рафт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат.

Нахуст дар шаҳри Турсунзода бо ҳузури президент маросими ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 93 баргузор шуд.

Иншооти таълимӣ аз 2 ошёна ва 5 қисм иборат буда, бо 27 синфхона, 1 китобхона, 5 ҳуҷраи корӣ, толори маҷлис бо 196 ҷойи нишаст ва ҳуҷраи алоҳидаи тиббӣ барои 1280 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Ба президенти мамлакат иттилоъ дода шуд, ки дар ин муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳоло 400 нафар хонанда таҳсил мекунанд.  

Дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Турсунзода Эмомалӣ Раҳмон ба Хоҷагии деҳқонии “Муродҷон” ташриф оварда, бо ҷараёни кишти такрории шолӣ ва ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ шинос шуд.

Гуфта мешавад, хоҷагии деҳқонии “Муродҷон” серсоҳа буда, дар тавозуни хоҷагӣ 64 гектар замин мавҷуд аст. Дар айни замон дар хоҷагӣ 54 нафар ба кори доимӣ ҷалб гардида, умед доранд, ки аз пиёзи барвақтӣ беш аз 100 тонна ҳосил ҷамъоварӣ намоянд.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Муродҷон” шолипарварӣ мебошад ва соли ҷорӣ дар як гектар ин навъи зироати кишоварзӣ  кишт карда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз рафти ҷамъоварии ҳосили пиёзи барвақтӣ ва кишти шолӣ бо деҳқонон суҳбати самимӣ ороста, ба онҳо дар самти истифодаи босамару оқилонаи замин, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи ҳукумат  изҳори  сипос  намуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.