“Ҷаннат барои сайёҳон”. Барномаи рушди минтақаҳои сайёҳии Роғун қабул шуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон “Барномаи рушди минтақаҳои сайёҳии “Роғун” барои солҳои 2024 – 2028”-ро қабул кардааст, ки барои иҷрои он ҳудуди 18 млн. сомонӣ (1,7 млн. доллар) лозим аст.

Таҳиякунандагони Барнома зикр мекунанд, ки Роғун шаҳри рушдёбандаи саноатӣ ва сайёҳӣ буда, баъди пурра ба кор андохтани НБО “Роғун” “имкониятҳои васеътари рушди сайёҳӣ фароҳам хоҳад шуд”.

“Аз нуктаи назари ҷуғрофӣ дар ҳудуди шаҳри Роғун 41 қуллаи зебои кӯҳӣ, 150 чашмаи табиӣ, 11 дарёи тоза ва 4 кӯли ширин мавҷуд аст”, – омадааст дар Барнома.

Ҳамчунин, зикр мегардад, ки дар ҳудуди шаҳри Роғун беш аз 30 макони ҷолиби сайёҳӣ, аз ҷумла обанбори Неругоҳи барқи обии “Роғун” мавҷуд аст.

Айни замон дар ин шахр ду боғи фарҳангӣ – фароғатӣ, осорхонаи муосир, шаш осоишгоҳ ва ғайра мавҷуд аст.

Барои татбиқи Барнома аз ҳисоби манбаъҳои зерин маблағ сарф карда мешавад:

– буҷети ҷумҳуриявӣ – 795 ҳазор сомонӣ;

– буҷети маҳаллӣ – зиёда аз 1,8 млн. сомонӣ;

– шарикии давлат ва бахши хусусӣ, инчунин дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст – ҳудуди 15 миллион сомонӣ.

Ёдовар мешавем, ки 31 августи соли 2022 Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи таъсиси минтақаи сайёҳии “Роғун” қарор қабул кард.

Тибқи ин қарор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар якҷоягӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар идораҳои дахлдор вазифадор шуданд, ки то аввали соли 2023 Барномаи рушди минтақаи сайёҳии “Роғун”-ро таҳия намоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...