Додситон барои Хуршед Фозилов 7,5 соли зиндон хостааст

Додситон ё айбдоркунандаи давлатӣ барои Хуршед Фозилов, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик 7,5 соли зиндон хостааст. Дар ин бора наздикони рӯзноманигори боздоштшуда ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Аввалин мурофиаи додгоҳии Хуршед Фозилов имрӯз, 25-уми май, дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд баргузор шуд. Дилафрӯз Самадова, яке аз вакилони дифои Хуршед Фозилов дар суҳбати телефонӣ мурофиаи додгоҳии имрӯзаро шарҳ надод ва […]

Asia-Plus

Додситон ё айбдоркунандаи давлатӣ барои Хуршед Фозилов, рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик 7,5 соли зиндон хостааст. Дар ин бора наздикони рӯзноманигори боздоштшуда ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Аввалин мурофиаи додгоҳии Хуршед Фозилов имрӯз, 25-уми май, дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд баргузор шуд.

Дилафрӯз Самадова, яке аз вакилони дифои Хуршед Фозилов дар суҳбати телефонӣ мурофиаи додгоҳии имрӯзаро шарҳ надод ва танҳо гуфт, ки “хулосаи мурофиаи имрӯзаро аз наздиконаш, ки ширкат доштанд, пурсед”.

Дар ҳамин ҳол, Радиои Озодӣ аз қавли Анвар Бобохонов, яке аз дигар вакилони мудофеи Хуршед Фозилов навишт, ки “ӯ иттиҳоми зидди Хуршедро беасос дониста, аз додгоҳ хостааст, ӯро аз толор озод кунанд”.

Хушбахт Фозилов, бародари Хуршед Фозилов ба ин расона гуфтааст: “Судя пурсид, ки Хуршед воқеан рӯзноманигорӣ мекард ё не. Гуфтам, узви Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон аст ва дар телевизиони маҳаллӣ кор мекард. Масъули сомонаи бахши идораи обу ҳаво дар ноҳия аст. Гапҳои маро сабт карданд”.

Азиза Нуъмонова, модари Хуршед Фозилов, гуфтааст: “Пурсиданд, ки оё Хуршед ӯро нигоҳубин мекард. Гуфтам, ки фарзандамро бо нони ҳалол калон кардам, ки дар ин рӯзҳо дастамро гирад, вале бо туҳмат ӯро ба инҷо овардаанд, сахт дар ташвишам”.

Наздикони рӯзноманигор гуфтанд, ки додгоҳ мурофиаи дуввумро ба пагоҳ, 26-уми май, гузоштааст.

Бояд гуфт, ки субҳи имрӯз, наздикони рӯзноманигори боздоштшуда ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки онҳоро ба мурофиа роҳ надоданд. Дертар, пас аз ду соати оғози мурофиаи додгоҳӣ, зикр намуданд, ки модар ва бародари Хуршед Фозилов тавонистанд ба мурофиаи додгоҳӣ ворид шаванд.

Ёдовар мешавем, ки парвандаи Хуршед Фозилов пас аз таҳқиқ, ду ҳафта қабл, ба Додгоҳи шаҳри Панҷакент ирсол шуд.

Хуршед Фозилов,  ки аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳои кишвар хабару гузориш ва мақолаҳо менавишт 6–уми марти соли равон аз сӯи кормандони шуъбаи амнияти шаҳри Панҷакант боздошт ва дертар ба Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд бурда шуд.

Мақомот ӯро барои ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои дар Тоҷикистон мамнуъ айбдор мекунанд. Вале худи ӯ, тавассути вакили дифоаш гуфтааст, ки ӯро маҷбур карданд, ки бар зидди худаш баёнот диҳад ва ҳеҷ гоҳ бо созмонҳои мамнӯъ дар кишвар ҳамкорӣ надошт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.