Аз нашри рӯзномаву маҷалла то раъйпурсии Ӯзбекистон. Маркази ӯзбекон дар Суғд бо чӣ корҳо машғул аст?

Date:

Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази маънавиёт ва маърифати ӯзбекон”-и вилояти Суғд 13 сол аст, ки фаъолият мекунад. Марказ асосан ба таҳкими муносибати халқҳои тоҷику ӯзбек машғул буда, дар самти нашри китобҳову ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ низ фаъолияти пурсамар дорад. Ҳоло аксари шаҳрвандони ӯзбекзабони Тоҷикистон ва ҳамчунин, ӯзбекони муқими Тоҷикистон аз фаъолияти ин Марказ огоҳанд ва дар чорабиниҳои он иштирок карда, бо ҳар гуна масоил ба он муроҷиат мекунанд.

Дар бораи фаъолияти кунунии марказ, аъзоёни фаъоли он, нашри рӯзномаву маҷалла ва китобҳо, мактабҳои ӯзбекзабон ва нақшаҳои минбаъда суҳбате доштем бо Озод Мелибоев, муовини аввали раиси Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази маънавиёт ва маърифати ӯзбекон”-и вилояти Суғд.

– Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази маънавиёт ва маърифати ӯзбекон”-и вилояти Суғд кай таъсис ёфт ва ба чӣ кор машғул аст?

– Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази маънавиёт ва маърифати ӯзбекон”-и вилояти Суғд соли 2010 фаъолияти худро расман оғоз кардааст. Он бо ҳадафи мустаҳкам кардани муносибатҳои дӯстию фарҳангии тоҷикону ӯзбекон ва ҳамчунин, халқҳои дигар, тарғиби дӯстию саҳмгузорӣ дар рушди фарҳанг ташкил шудааст. Яъне, мақсади ниҳоии Марказ боз ҳам солим гардонидани муҳити маънавии кишвар аст.

Барои ба ин ҳадафҳо расидан, Марказ чорабиниҳои гуногун ташкил мекунад. Аз ҷумла, тавассути баргузории анҷуману чорабиниҳои фарҳангӣ – фароғатӣ, шаби эъҷодӣ, тақдимоти китоб мо равобити халқҳои тоҷику ӯзбекро боз ҳам мустаҳкамтар мегардонем.

Ҳамчунин, Марказ ҳамасола даҳҳо китобҳои насриву назмӣ ва публитсистӣ омода ва чоп мекунад. Дар ду соли охир ду китоби пурарзише дар якҷоягӣ бо ҳамкоронӣ бурунмарзӣ омода ва чоп шуд. Яке бо номи “Анталогияи адибони ӯзбекзабони Тоҷикистон”, ки фарогири беҳтарин асарҳои адибони ӯзбекзабони Тоҷикистон дар асри XX-XXI мебошад, дигаре бо номи “Меҳрнома – баёзи адибони Ҷиззах ва Суғд”, ки дар он эъҷодиёти шоиру нависандагони ӯзбекзабони вилояти Суғд ва адибони тоҷикзабони вилояти Ҷиззах ҷамъоварӣ шудааст.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Озод Мелибоев

“Дари мо ҳамеша боз аст”

– Марказ оё аъзои доимӣ дорад?

– Марказ қариб дар тамоми вилоят аъзоёни фаъоли худро дорад. Дар шаҳри Душанбе ва баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон низ аъзоёни ғайрирасмӣ ҳастанд, ки дар пешбурди фаъолияти Марказ саҳмгузоранд. Дар ноҳияҳое, ки ӯзбекзабонҳо бештаранд, аъзоёни мо ҳам зиёданд.

Дар умум, Марказ беш аз 40 нафар аъзои фаъол дорад, ки зимни баргузории ҳар гуна чорабиниҳо масъулиятҳои гуногунро ба уҳда мегиранд. Дари марказ барои ҳама боз аст ва ҳар кас метавонад ба он муроҷиат кунад ва ҳамкорӣ намояд.

Дар арафаи 30-солагии истиқлолияти Тоҷикистону Ӯзбекистон ба раиси Марказ Илҳом Юсупов ордени “Дӯстӣ” тақдим гардид. Чандин нафари дигар бо ордену медалҳо сарфароз шуда, ду нафар шоир ба аъзогии Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон пазируфта шуданд.

Аксари қадрдонишудагон аъзои Марказ нестанд. Яъне Марказ ҳамаи фаъолони худро дастгирӣ мекунад, новобаста ба аъзо будан ё набудани онҳо. Ин аст, ки мавқеи Марказ боло рафта, сафи хоҳишмандон барои аъзогӣ зиёд мешавад.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Сарчашмаи молиявии фаъолияти Марказ аз куҷо аст? Оё мушкили молӣ надоред?

– Марказ ташкилоти худмаблағгузор аст. Он асосан аз фурӯши рӯзнома ва маҷалла даромад ба даст оварда, фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Маблағе, ки Марказ ба даст меорад, барои нашри китобу баргузории чорабиниҳо сарф мешавад.

Аз нашри рӯзномаву маҷалла то раъйпурсии Ӯзбекистон

Кадом рӯзнома ва маҷалларо Марказ нашр мекунад?

– Маҷаллаи адабӣ-фарҳангии “Шарқнома” бо забони ӯзбекӣ ва рӯзномаи иҷтимоӣ-сиёсии “Маънавиёт” бо забонҳои ӯзбекӣ, тоҷикӣ ва русӣ нашр мешавад. То чанд соли пеш маҷалла бо теъдоди 4 ҳазор нусха нашр мешуд ва ба тамоми манотиқи Тоҷикистон, инчунин, ба Қирғизистону Ӯзбекистону Русия ирсол мегардид.

Рӯзномаи “Маънавиёт” бошад, асосан барои ӯзбекзабонҳои Тоҷикистон мавод омода мекунад ва он ҳам то чанд соли пеш бо теъдоди 4 ҳазор адад чоп мешуд.

Бояд гуфт, ки солҳои охир теъдоди нашри рӯзномаву маҷалла коҳиш ёфтааст. “Маънавиёт” бо теъдоди 1500 ва “Шарқнома” 1000 нусха нашр мешаванд. Илова бар ин, бо сабаби мушкилоти молӣ маҷаллаву рӯзнома саривақт чоп намешаванд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

-Барои ҳалли ин мушкил чӣ кор мекунед?

-Тасмим гирифтем, ки дар олами маҷозӣ – интернет фаъол бошем. Ҳоло хонандагон метавонанд тариқи саҳифаи фейсбукии Маркази ӯзбекон ва рӯзномаи “Маънавиёт” бо фаъолияти мо аз наздик шинос шаванд.

– Чанде пеш дар Ӯзбекистон раъйпурсӣ баргузор шуд ва дар бинои Маркази шумо ҳам қитъаи раъйдиҳӣ ташкил гардид…

–Ин бори аввал нест, ки дар бинои Марказ чунин чорабиниҳо баргузор мешаванд. Дар интихоботҳои қаблӣ ҳам дар дафтари Марказ қитъаи раъйдиҳӣ ташкил гардида буд.

Ӯзбекистон дар вилояти Суғд колсулгарӣ ё намояндагӣ надорад. Дафтари Марказ дар маркази Хуҷанд ҷойгир асту аксари шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мехонанд, кор мекунанд ё ба таври доимӣ ё муваққат зиндагӣ доранд, дафтари моро медонанд. Бинобар ин, Комиссияи марказии интихоботии Ӯзбекистон ва Сафорати Ӯзбекистон дар Тоҷикистон дар дафтари Марказ баргузор кардани раъйпурсиро мувофиқ донист ва мо ҳам инро пазируфтем.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

-Гуфтед, ки нафарони зиёд ба Марказ муроҷиат мекунанд. Онҳо аслан бо чӣ саволҳо ба назди шумо меоянд?

– Одамон ба Марказ бештар бо масъалаҳои фарҳангӣ муроҷиат мекунанд. Ҳастанд нафароне, ки бо масъалаҳои иҷтимоӣ ё маслиҳатҳои ҳуқуқӣ низ назди мо меоянд.

Як нуктаро бояд таъкид кард, ки ба Марказ танҳо ӯзбекзабонҳо муроҷиат намекунанд. Тоҷикон низ ба идораи мо меоянд ва ҳар гуна маслиҳатҳо мепурсанд. Масалан, тоҷирони ду кишвар назди мо меоянду маслиҳатҳо мепурсанд.

“Синфҳои ӯзбекзабон кам мешаванд”

– Марказ аз фаъолияти мактабҳои ӯзбекӣ дар қаламрави Суғд огоҳ аст?

-Ин як мавзӯи доманадор аст. Дар ин самт ҳам камбудиву ҳам дастовардҳо мушоҳида мешавад. Ҳоло танҳо як нуктаро зикр мекунам: синфҳои ӯзбекзабон дар кишвар кам ва норасоии китобҳои дарсӣ эҳсос мешавад. Мо ин масъаларо борҳо зикр кардаем.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

– Дар кори худи Марказ ягон мушкил ё монеа мушоҳида намешавад?

– Шояд мушкилии аксари ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар кишвар монанд аст.  Ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ эътибор кам аст. Давлат барои пешравии ҷомеа, барои аз байн бурдани камбудиҳо аз имкониятҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ пурра истифода намебарад. Агар аз муаммоҳои мубрами рӯз сухан кунем, дар роҳи тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ, рафъи зӯроварӣ дар оила, кам кардани таъсири маълумоти носаҳеҳ ва пур кардани фазо бо муҳтавои миллӣ ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ самараи хуб медиҳад. Вале бо чӣ сабаб бошад, аз ин имконият дуруст истифода намебаранд. Агар истифода кунанд, ин ба манфиати тамоми ҷомеа хоҳад шуд.

-Муҳимтарин нақшаҳое, ки Марказ дар пеши худ гузоштааст, чӣ аст?

-Марказ кори худро бо ҳамин рӯҳияе, ки ҳоло ҳукмфармост, идома медиҳад. Мо нақшаҳои зиёд дорем ва ҳамаи онҳо бо таҳкими равобити дӯстиву ҳамзистӣ дар ҷомеаи кишвар тавъам аст. Минбаъд низ ба баргузории маҳфилҳои адабӣ, таъбу нашр ва тарҷумаи китобҳо, ташкили чорабиниҳо ба муносбати ҷашнҳои миллӣ ва шаби эҷодии шоирону нависандагон машғул ҳоҳем шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...