“Наздиконашро роҳ надоданд”. Мурофиаи додгоҳии рӯзноманигор Хуршед Фозилов паси дарҳои баста оғоз шуд

Субҳи имрӯз, 25-уми май, дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд мурофиаи Хуршед Фозилов, яке аз рӯзноманигорони боздоштшудаи тоҷик бидуни ширкати наздикону пайвандон ва рӯзноманигорон, паси дарҳои баста оғоз гардид. Дар ин бора наздикони рӯзноманигор ба “Азия-Плюс” хабар доданд. Яке аз наздиконаш гуфт, онҳоро ҳатто расман ба мурофиа давъат накарданд, вале вақте онҳо назди бинои боздоштгоҳ рафтанд, […]

Субҳи имрӯз, 25-уми май, дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд мурофиаи Хуршед Фозилов, яке аз рӯзноманигорони боздоштшудаи тоҷик бидуни ширкати наздикону пайвандон ва рӯзноманигорон, паси дарҳои баста оғоз гардид. Дар ин бора наздикони рӯзноманигор ба “Азия-Плюс” хабар доданд.

Яке аз наздиконаш гуфт, онҳоро ҳатто расман ба мурофиа давъат накарданд, вале вақте онҳо назди бинои боздоштгоҳ рафтанд, нагузоштанд, ки дар мурофиа иштирок кунанд.

“Танҳо вакили дифоъ ба мурофиа даромад, моро нагузоштанд. Сабабашро ҳам шарҳ надоданд. Пештар гуфта буданд ки мурофиа кушод мегузарад. Ҳоло пушти дари боздоштгоҳ мунтазир шиштем”, – гуфт яке аз наздиконаш.

То лаҳзаи омода кардани хабар, мурофиаи додгоҳии Хуршед Фозилов дар боздоштгоҳи Хуҷанд паси дарҳои баста идома дошт.

Қаблан, Дилафрӯз Самадова, вакили дифои Хуршед Фозилов бо ирсоли дархости расмӣ аз додрас хоста буд, ки мурофиа на дар дохили Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд, балки дар бинои Додгоҳи шаҳри Панҷакент баргузор шавад ва наздикону пайвандонаш дар рафти он ширкат кунанд. Ин дархостро додрас рад кардааст.

Ду ҳафта қабл, таҳқиқи парвандаи Хуршед Фозилов ба итмом расида, ба Додгоҳи шаҳри Панҷакент ирсол шуда буд.

Дар пайи ин, модари рӯзноманигор бо нашри як муроҷиатномаи видеоӣ аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон хоста буд, ки баррасии парвандаи писарашро зери назорат гирифта, ӯро озод кунад.

Хуршед Фозилов,  ки аз минтақаи Зарафшон барои расонаҳои кишвар хабару гузориш ва мақолаҳо менавишт 6–уми марти соли равон аз сӯи кормандони шуъбаи амнияти шаҳри Панҷакант боздошт ва дертар ба Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Хуҷанд бурда шуд.

Мақомот ӯро барои ҳамкорӣ бо ҳизбу ҳаракатҳои дар Тоҷикистон мамнуъ айбдор мекунанд. Вале худи ӯ, тавассути вакили дифоаш гуфтааст, ки ӯро маҷбур карданд, ки бар зидди худаш баёнот диҳад ва ҳеҷ гоҳ бо созмонҳои мамнӯъ дар кишвар ҳамкорӣ надошт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.