Ваъдаи Давлаталӣ Саид ба соҳибкорон ва сармоягузорон. Дар Бохтар форуми тиҷоратии “Бохтар Фуд – 2023” оғоз шуд

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Дар шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлони Тоҷикистон форуми тиҷоратии “Бохтар Фуд – 2023” бо иштироки беш аз 300 нафар соҳибкорони дохилию хориҷӣ ва намояндагони корпусҳои дипломатӣ оғоз гардид.

Форумро раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ифтитоҳ намуда, ҳадафи аслии онро баланд бардоштани иқтидори содиротии вилоят, рушди ҳамкориҳои тмҷоратӣ ва ташкили корхонаҳои истеҳсолии муштарак унвон кард.

Ӯ дар бораи имкониятҳои истеҳсолии вилоят ба ҳозирин маълумот дод, зикр кард, ки айни ҳол вилояти Хатлон беш аз 50 дарсади маҳсулоти кишоварзии кишварро истеҳсол мекунад ва барои афзоиши ин нишондиҳанда, захираҳо зиёд мебошанд.

“Мавқеъи ҷойгиршавии вилоят имкон медиҳад, ки маҳсулот ба бозорҳои байналмилалӣ бароварда шавад. Вилоят бо кишварҳои Ӯзбекистон ва Афғонистон ҳамсарҳад аст ва бо 40 давлати ҷаҳон ҳамкориҳои иқтисодӣ дорад”, – таъкид кард Давлаталӣ Саид.

Раиси вилояти Хатлон аз соҳибкорони маҳаллӣ даъват кард, ки фаъол бошанд ва бо ҳамтоёни хориҷиашон робитаҳои тиҷоратӣ барқарор кунанд.

“Форуми мазкур барои шумо имконият медиҳад, ки вобаста ба идея ва лоиаҳои тиҷоратии худ бо ҳамтоёни хориҷиатон суҳбат кунед ва равобити тиҷоратиро ба роҳ монед”, – иброз дошт Давлаталӣ Саид.

Ӯ ваъда дод, ки “барои рушди соҳибкорӣ, сохтмони корхонаҳои саноатӣ тамоми шароитро фароҳам оварда, соҳибкорон ва сармоягузаронро дастгирӣ мекунад”.

Баҳриддин Сироҷиддинзода, роҳбари Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки баргузории ин форум дар рушди соҳибкорӣ, муаррифии имкониятҳои Тоҷикистон муҳим аст.

Ин маротибаи сеюм аст, ки дар вилояти Хатлон чунин форум баргузор мешавад. Ташкилкунандаи он Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...