Ваъдаи Давлаталӣ Саид ба соҳибкорон ва сармоягузорон. Дар Бохтар форуми тиҷоратии “Бохтар Фуд – 2023” оғоз шуд

Дар шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлони Тоҷикистон форуми тиҷоратии “Бохтар Фуд – 2023” бо иштироки беш аз 300 нафар соҳибкорони дохилию хориҷӣ ва намояндагони корпусҳои дипломатӣ оғоз гардид. Форумро раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ифтитоҳ намуда, ҳадафи аслии онро баланд бардоштани иқтидори содиротии вилоят, рушди ҳамкориҳои тмҷоратӣ ва ташкили корхонаҳои истеҳсолии муштарак унвон кард. Ӯ […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+

Дар шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлони Тоҷикистон форуми тиҷоратии “Бохтар Фуд – 2023” бо иштироки беш аз 300 нафар соҳибкорони дохилию хориҷӣ ва намояндагони корпусҳои дипломатӣ оғоз гардид.

Форумро раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ифтитоҳ намуда, ҳадафи аслии онро баланд бардоштани иқтидори содиротии вилоят, рушди ҳамкориҳои тмҷоратӣ ва ташкили корхонаҳои истеҳсолии муштарак унвон кард.

Ӯ дар бораи имкониятҳои истеҳсолии вилоят ба ҳозирин маълумот дод, зикр кард, ки айни ҳол вилояти Хатлон беш аз 50 дарсади маҳсулоти кишоварзии кишварро истеҳсол мекунад ва барои афзоиши ин нишондиҳанда, захираҳо зиёд мебошанд.

“Мавқеъи ҷойгиршавии вилоят имкон медиҳад, ки маҳсулот ба бозорҳои байналмилалӣ бароварда шавад. Вилоят бо кишварҳои Ӯзбекистон ва Афғонистон ҳамсарҳад аст ва бо 40 давлати ҷаҳон ҳамкориҳои иқтисодӣ дорад”, – таъкид кард Давлаталӣ Саид.

Раиси вилояти Хатлон аз соҳибкорони маҳаллӣ даъват кард, ки фаъол бошанд ва бо ҳамтоёни хориҷиашон робитаҳои тиҷоратӣ барқарор кунанд.

“Форуми мазкур барои шумо имконият медиҳад, ки вобаста ба идея ва лоиаҳои тиҷоратии худ бо ҳамтоёни хориҷиатон суҳбат кунед ва равобити тиҷоратиро ба роҳ монед”, – иброз дошт Давлаталӣ Саид.

Ӯ ваъда дод, ки “барои рушди соҳибкорӣ, сохтмони корхонаҳои саноатӣ тамоми шароитро фароҳам оварда, соҳибкорон ва сармоягузаронро дастгирӣ мекунад”.

Баҳриддин Сироҷиддинзода, роҳбари Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки баргузории ин форум дар рушди соҳибкорӣ, муаррифии имкониятҳои Тоҷикистон муҳим аст.

Ин маротибаи сеюм аст, ки дар вилояти Хатлон чунин форум баргузор мешавад. Ташкилкунандаи он Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.