Дар Гран-прии Душанбе 34 ҷудокори тоҷик иштирок мекунанд

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши пойтахт рӯзҳои 2-4 июн мусобиқаи байналмилалии ҷудо – Гран Прии Душанбе баргузор мешавад.

Тавре ки Федератсияи миллии ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад, Аз ҷумла, тими мунтахаби Тоҷикистон ба ҳайси мизбон дар ҳайати 34 варзишгар – 28 мард, 6 зан – дар ин мусобиқа ширкат мекунанд.

Коллегияи мураббиён ва роҳбарияти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон дар асоси дастовардҳо ва натиҷаи тамринҳо варзишгарони зеринро интихоб карданд:

Мардон

-60кг

Муҳаммадсолеҳ ҚУВВАТОВ

Меҳрзод СУФИЕВ

Ҳақдод ГУЛОВ

Муҳаммад МАҲМАДИЗОДА

-66кг

Эмомалӣ НУРАЛӢ

Обид ҶЕБОВ

Шаҳбоз САИДАБРОРОВ

Фирӯз МЕЛИБОЙЗОДА

 -73кг

Беҳрӯз ХОҶАЗОДА

Муҳаммадшариф НАҶМИДДИНОВ

Абубакр ШЕРОВ

Мирзоҷамил РАМАЗОНОВ

-81кг

Сомон МАҲМАДБЕКОВ

Шодмон РИЗОЕВ

Муҳаммадҷон АБДУҶАЛИЛЗОДА

Сайфиддин САЙФИДДИНЗОДА

-90кг

Комроншоҳ УСТОПИРИЁН

Ҷаҳонгир МАҶИДОВ

Ҳақназар НАЗАРОВ

Акмал МУРОДОВ

-100кг

Абӯбакри АКОБИР

Исроил РАҲИМОВ

Эмомризо АНВАРЗОДА

Раҳматулло МИРЗОЕВ

+100кг

Темур РАҲИМОВ

Мансур РАҲМОН

Иброҳим ЭЛМУРОДОВ

Шакармамад МИРМАМАДОВ

Бонувон

-48кг

Шукрона ҚАРЧИЕВА

Мадина ҚУРБОНЗОДА

-52кг

Аҳлия МУЪМИНОВА

-57кг

Шоҳида ҚАЛАНДАРОВА

Фазилат ГУЛБОЕВА

-63кг

Мавлуда ОДИНАЕВА

Гуфта мешавад, Гран Прии Душанбе дар доираи мусобиқоти “Сайри ҷаҳонии ҷудо”-и Федератсияи байналмилалии ҷудо баргузор шуда, мусобиқаи интихобӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 мебошад.

Барои ширкат дар Гран Прии Душанбе то имрӯз ҳудуди 300 варзишгар аз 40 давлати дунё номнавис шудаанд.

Бино ба маълумоти Федератсияи байнулмилалии ҷудо, фонди мукофотпулии мусобиқа 98 ҳазор евроро ташкил медиҳад.

Ғолибони ҳар кадоме аз вазнҳо бо 3 ҳазор, дорандагони медалҳои нуқра – бо 2 ҳазор ва медали биринҷӣ – 1 ҳазор евро мукофотпулӣ қадрдонӣ мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...