Ба сарони кишварҳои ИИАО азхудкунии муштараки иқтидори гидроэнергетикии Тоҷикистон пешниҳод шуд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 25 май дар ҷаласаи васеи Шӯрои олии иқтисодии авруосиёи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО), ки дар шаҳри Маскав доир гардид, ба ҳайси роҳбари давлати даъватшуда дар шакли маҷозӣ иштирок ва суханронӣ кард. Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ изҳор дошт, ки кишварҳои аъзо ва […]

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 25 май дар ҷаласаи васеи Шӯрои олии иқтисодии авруосиёи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО), ки дар шаҳри Маскав доир гардид, ба ҳайси роҳбари давлати даъватшуда дар шакли маҷозӣ иштирок ва суханронӣ кард.

Тавре ки хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ изҳор дошт, ки кишварҳои аъзо ва нозирони Иттиҳод шарикони анъанавии Тоҷикистон маҳсуб меёбанд ва Тоҷикистон дар асоси дуҷониба бо аксари онҳо робитаҳои зичи тиҷоративу иқтисодӣ дорад.

“Ҳаҷми умумии гардиши мол миёни Тоҷикистон ва кишварҳои номбурда ҳамасола тамоюли афзоиши босуботро касб кардааст. Ҳамин аст, ки ҳиссаи кишварҳои Иттиҳод дар тиҷорати хориҷии кишвари мо дар соли 2022 зиёда аз 42 фоизро ташкил карда, қариб панҷоҳ фоизи содироти молҳои истеҳсоли маҳаллӣ ба онҳо рост меояд”, – гуфт президенти Тоҷикистон. 

Бо таъкиди алоқамандии ҷониби Тоҷикистон ба рушду тавсеаи минбаъдаи робитаҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ бо кишварҳои Иттиҳод Эмомалӣ Раҳмон бахшҳои мухталифи саноат, соҳаҳои нақлиёт, кишоварзӣ ва гидроэнергетикаро ба ҳайси яке аз манбаъҳои асосии тавлиди “энергияи “сабз” ва заминаи калидии рушди “иқтисоди сабз” ҳамчун самтҳои барои ҷонибҳо манфиатовари ҳамкорӣ номбар карданд.

“Тоҷикистон минбаъд низ ба содироти молу маҳсулоти худ ба кишварҳои ИИАО, бахусус металлҳои ранга, нодир ва қиматбаҳо, маҳсулоти нассоҷӣ, пахта, инчунин сабзавоту меваҷот омода аст”, – иброз дошт ӯ.

Дар робита ба мушкилот сарвари давлати Тоҷикистон монеаҳои мавҷуда дар соҳаи нақлиёт,  пеш аз ҳама, маҳдудияти гузаргоҳҳои сарҳадии байни кишварҳо, шароити номутаносиби боркашонӣ тариқи роҳи оҳанро зикр кард.

Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин бахши кишоварзиро ҷузъи муҳими ҳамкориҳо бо кишварҳои Иттиҳод номид.

«Афзоиши солонаи маҳсулоти бахши кишоварзии Тоҷикистон камаш 7-8 фоизро ташкил медиҳад. Ин заминаи заруриро барои зиёд кардани содироти маҳсулоти кишоварзии органикӣ ба кишварҳои узви Иттиҳод фароҳам меорад.

Дар баробари ин, мушкилоти мавҷуда дар барасмиятдарорӣ, ҳамлу нақл ва расмиёти гумрук, гувоҳномаи дугона монеаҳои ҷиддӣ дар роҳи таъмини бефосилаи ин маҳсулот ба бозори кишварҳои Иттиҳод мебошанд.

Дар ин робита, зарур мешуморем, ки механизмҳои соддагардонии интиқоли маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба бозорҳои ИИАО, аз ҷумла тавассути таъсиси марказҳои логистикӣ дар кишвари мо муштаракан таҳия ва амалӣ карда шаванд”, – таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ ҳамчунин рушди муштараки иқтидори гидроэнергетикии кишвар, ҳамкорӣ дар заминаи рушди рақамисозӣ ва зеҳни сунъӣ, бозорҳои бонкӣ ва молӣ, истеҳсолоти саноатӣ ва шарикиро судманд хонд.

«Барқарор намудани ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба ташаккули нуқтаҳои нави рушд ва баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории иқтисодиёти мо мусоидат мекунад», – хулоса кард ӯ.

«Роҳандозии ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногун ба ташаккули нуқтаҳои нави рушд ва баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории иқтисодиёти мо мусоидат мекунад», – илова намуд Эмомалӣ Раҳмон.

Ба ғайр аз сарвари давлати Тоҷикистон, сарони кишварҳои Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Озарбойҷон – Илҳом Алиев низ тариқи онлайн дар ҷаласа ширкат варзиданд.

Дар худи ҷаласа сарони кишварҳои Русия Владимир Путин, Беларус – Александр Лукашенко, Қазоқистон – Қосим-Жомарт Токаев, Қирғизистон – Садир Жапаров, сарвазири Арманистон Никол Пашинян ва раиси Ҳайати мушовараи Комиссияи иқтисодии Авруосиё Михаил Мясников ҳузур доштанд.

Президенти Русия Владимир Путин зикр кард, ки Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бояд ҳамкориҳоро бо кишварҳои Итиҳод густариш диҳанд.

«Муносибатҳои мо бо Тоҷикистон дар ҳоли рушд қарор доранд, аз ин рӯ, пайваст шудан ба чунин формати бисёрҷониба, албатта, танҳо манфиат хоҳад овард. Дар ниҳоят Тоҷикистон тасмим хоҳад гирифт, ки дар кори созмони мо то чӣ андоза амиқ иштирок кунад. Айнан ҳамин чиз ба Озарбойҷон ва Ӯзбекистон низ пурра дахл дорад», – изҳор дошт ӯ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.