Иштироки 33 тарроҳи кишварҳои Иттиҳод дар Tajikistan Fashion Week

Asia-Plus

Аввали моҳи июн дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси иттиҳодияи эҷодии «TZ»  мавсими 10-уми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон баргузор мешавад. Tajikistan Fashion Week аллакай панҷ сол аст, ки пайдарпай дар пойтахт доир мегардад.

Соли 2023 созмондиҳандагон тасмим гирифтанд, ки дар татбиқи лоиҳа навоварӣ ҷорӣ мекунанд, аз ин рӯ, Tajikistan Fashion Week дар боғи меҳмонхонаи Dushanbe Serena барпо мешавад.

Вазорати саноат ва технологияҳи нави ҷумҳурӣ мисли солҳои пешин аз баргузории чорабинии мазкур дастгирӣ кард.

Tajikistan Fashion Week муддати се рӯз – 6, 7 ва 8 июн баргузор мешавад.

Дар Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон 33 тарроҳ ва тамғаҳо (брендҳо)-и маъруф иштирок мекунанд. Аз ҷумла, 15 тарроҳи ватанӣ маҳсули эҷоди худро ба намоиш мегузоранд.

Мавсими кунунии Ҳафтаи мӯд ба яке аз масъалаҳои муҳими рӯзмарраи замони ҳозира – “Дӯстии халқҳо” бахшида мешавад.

Бо ин иқдоми худ намояндагони иттиҳодияи эҷодии «ТZ» таҳти раҳбарии Тоҳир Иброҳимов талош доранд, ки ба робитаҳои фарҳангӣ ва дӯстона байни кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳким бахшанд.       

Дар баргузории Ҳафтаи мӯд инчунин холдинги «NOOROOZ»-и Наврӯз Усмонов, шарикон –  нӯшокии миллии  «Сиёма», шоуруми электромобилҳои «Green AUTO», бонки «Арванд», корхонаи истеҳсолии «Artel Avesto» ва толори заргарии «ISRA-GOLD» низ саҳм хоҳанд гузошт.

Ҳафтаи мӯд як ҳавасмандӣ баҳри рушди саноати нассоҷӣ дар аксари кишварҳои хориҷӣ буда, соли панҷум аст, ки ин гуна намоишҳо дар Тоҷикистон баргузор мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...