Иштироки 33 тарроҳи кишварҳои Иттиҳод дар Tajikistan Fashion Week

Аввали моҳи июн дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси иттиҳодияи эҷодии «TZ»  мавсими 10-уми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон баргузор мешавад. Tajikistan Fashion Week аллакай панҷ сол аст, ки пайдарпай дар пойтахт доир мегардад. Соли 2023 созмондиҳандагон тасмим гирифтанд, ки дар татбиқи лоиҳа навоварӣ ҷорӣ мекунанд, аз ин рӯ, Tajikistan Fashion Week дар боғи меҳмонхонаи Dushanbe Serena барпо […]

Аввали моҳи июн дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси иттиҳодияи эҷодии «TZ»  мавсими 10-уми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон баргузор мешавад. Tajikistan Fashion Week аллакай панҷ сол аст, ки пайдарпай дар пойтахт доир мегардад.

Соли 2023 созмондиҳандагон тасмим гирифтанд, ки дар татбиқи лоиҳа навоварӣ ҷорӣ мекунанд, аз ин рӯ, Tajikistan Fashion Week дар боғи меҳмонхонаи Dushanbe Serena барпо мешавад.

Вазорати саноат ва технологияҳи нави ҷумҳурӣ мисли солҳои пешин аз баргузории чорабинии мазкур дастгирӣ кард.

Tajikistan Fashion Week муддати се рӯз – 6, 7 ва 8 июн баргузор мешавад.

Дар Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон 33 тарроҳ ва тамғаҳо (брендҳо)-и маъруф иштирок мекунанд. Аз ҷумла, 15 тарроҳи ватанӣ маҳсули эҷоди худро ба намоиш мегузоранд.

Мавсими кунунии Ҳафтаи мӯд ба яке аз масъалаҳои муҳими рӯзмарраи замони ҳозира – “Дӯстии халқҳо” бахшида мешавад.

Бо ин иқдоми худ намояндагони иттиҳодияи эҷодии «ТZ» таҳти раҳбарии Тоҳир Иброҳимов талош доранд, ки ба робитаҳои фарҳангӣ ва дӯстона байни кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳким бахшанд.       

Дар баргузории Ҳафтаи мӯд инчунин холдинги «NOOROOZ»-и Наврӯз Усмонов, шарикон –  нӯшокии миллии  «Сиёма», шоуруми электромобилҳои «Green AUTO», бонки «Арванд», корхонаи истеҳсолии «Artel Avesto» ва толори заргарии «ISRA-GOLD» низ саҳм хоҳанд гузошт.

Ҳафтаи мӯд як ҳавасмандӣ баҳри рушди саноати нассоҷӣ дар аксари кишварҳои хориҷӣ буда, соли панҷум аст, ки ин гуна намоишҳо дар Тоҷикистон баргузор мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.