Сабрина Зуҳурова барои муаррифии Тоҷикистон ба ҳафтаи мӯди Париж даъват шуд

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Сабрина Зуҳурова, модели тоҷик, ки дар намоиши ҳафтаи мӯд дар Корея Тоҷикистонро муаррифӣ кард, ба садри панҷгонаи беҳтарин моделҳои “The biggest Fashion Week in the world” ворид шуд ва ба ҳафтаи мӯди “Paris Fashion Week” даъват гардид.

Сабрина инчунин сафири “Word Busan Expro 2030” шуд. Ӯ шаҳри Пусани Кореяро, ки бо шаҳрҳои Одесса (Украина), Рим (Италия) ва Ар-Риёз (Арабистони Саудӣ) рақобат мекунанд, таблиғ мекунад. Дар ин бора худи Сабрина ба “Азия-Плюс” хабар дод.

“5 духтар ба Париж даъватнома гирифтанд ва ман дар байни онҳо ҳастам. Ман инчунин ба унвони сафири “Word Busan Expro 2030” интихоб шудам ва аз ин хеле шодам. Хурсандии худро баён намудан ғайриимкон аст ”- гуфт ӯ.

Баргузории ҳафтаи мӯд дар Париж моҳи сентябри соли ҷорӣ дар назар аст.

“Ман хеле шодам, ки бори дигар Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ хоҳам кард ва аз ҳамаи онҳое, ки маро дастгирӣ карданд, миннатдорам”, – гуфт Сабрина.

Ёдовар мешавем, ки аз 24 то 31 май дар Корея ҳафтаи мӯд “The biggest Fashion Week in the world” баргузор шуд. Дар он духтарон аз 53 кишвари ҷаҳон ширкат доштанд, ки дар миёни онҳо Сабрина Зуҳурова низ буд.

Қаблан Сабрина ба “Азия-Плюс” хабар дода буд, ки дар ҳафтаи мӯд дар Корея тарроҳон аз Лондон, Лас Вегас, Ню Йорк, Париж, Дубай ва Корея ширкат мекунанд.

Тибқи талабот, дар намоиш духтароне, ки чеҳраи ҳафтаи муд дар кишвари худ ва ё чеҳраи ягон ширкат буданд, метавонанд дар ин ҳафтаи муд ширкат кунанд. Азбаски Сабрина чеҳраи ҳафтаи мӯд дар Тоҷикистон аст, ӯро даъват карданд ва ӯ ягона ширкаткунанда аз ҷумҳурӣ аст.

Ӯ гуфта буд, ки беҳтарин моделҳо барои ширкат дар ҳафтаҳои мӯд дар Париж ва Милан даъват хоҳанд шуд.

Сабрина қайда буд, ки дар чаҳорчӯби ҳафтаи муд либосҳои миллӣ намоиш дода намешаванд ва онҳо танҳо бо либосҳои тарроҳони хориҷӣ ба рӯи саҳна мебароянд.

Ёдовар мешавем, ки Сабрина Зуҳурова қаблан дар озмунҳои гуногуни зебоӣ ширкат карда, унвонҳои зиёде дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...