Тоҷикистон ба Боку ва дигар кишварҳо хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ боз кард. Билетҳо чанд пуланд?

Date:

Ширкати ҳавопаймоии Buta Airways-и Озарбойҷон рӯзи 30 май тариқи хатсайри ҳавоии Боку – Душанбе – Боку парвози мустақим анҷом дод. Қаблан бо Эрон ва Чин хатсайрҳои мустақими ҳавоӣ боз шуда буданд. Ҷадвали парвоз ва арзиши билетҳо ба ҳамаи хатсайрҳои нав маълум аст.

Соати 10:05 дақиқаи рӯзи сешанбе (бо вақти Душанбе) ҳавопаймои аввалин аз Боку ба Душанбе фуруд омад. Акнун ҳафтае як маротиба рӯзи панҷшанбе аз пойтахти Озарбойҷон парвозҳо сурат мегранд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як корманди нуқтаи билетфурӯшии пойтахт.

Ба гуфтаи ӯ, хатсайрҳои минбаъда рӯзҳои 8, 15 ва 22 июн пешбинӣ шудаанд. Вақти парвоз байни шаҳрҳо – 2 соату 40 дақиқа.

ИЗОБРАЖЕНИЕ Ҳавопаймои Buta Airways

Билетҳо аз 114 то 180 доллар (аз 1 ҳазору 245 то 1 ҳазору 965 сомонӣ) нарх доранд.

Рӯзи 8 феврали соли равон ширкати “Сомон Эйр” пас аз танаффуси сесола бо хатсайри Душанбе – Урумчӣ парвоз анҷом дод. Он замон зикр гардида буд, ки ширкат анҷоми ду парвозро дар як ҳафта бо ин хатсайр дар нақша дорад.

Тибқи маълумоти торнамои расмии “Сомон Эйр”, парвози наздиктарин рӯзи 31 май таъин шудааст. Нархи ҳадди ақали билет ба хатсайри Урумчӣ – Душанбе дар эконом-класс 2 ҳазору 653 сомониро ташкил медиҳад.

Рӯзи наздиктарини парвоз аз Душанбе ба Урумчӣ – 7 июн. Нархи ҳадди ақали билет – 2 ҳазору 748 сомонӣ.

Ба гуфтаи корманди нуқтаи билетфурӯшӣ, айни замон аз Тоҷикистон ба Пекин хатсайри мустақими ҳавоӣ нест. Ҳарчанд моҳи июни соли гузашта сардори Раёсати танзими авиатсияи граждании Агентии авиатсияи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Зиёдулло Шарипов изҳор дошта буд, ки аз 23 июни соли 2022 мақомоти авиатсионии Тоҷикистону Чин ба ҷуз Урумчӣ, дар бораи барқарор намудани хатсайри мустақими ҳавоӣ ба шаҳри Пекин низ тавофуқ ҳосил кардаанд.

Он замон мақомоти Тоҷикистон дар бораи омодагии худ ба барқарор намудани хатсайри ҳавоӣ ҷониби Чинро огоҳ намуда буданд. Пекин низ дар навбати худ чунин ниятҳои худро изҳор дошт.

Лекин айни замон дар торнамои “Сомон Эйр” ба самти Пекин парвозҳо нест. Дар торнамои China Southern Airlines ба самти Душанбе трансфер тариқи Урумчӣ ва дигар шаҳрҳои Чин зикр шудааст.

Парвозҳо ба Теҳрон

Парвозҳои мустақимро ба пойтахти Эрон ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”-и Тоҷикистон моҳи январи соли ҷорӣ ба роҳ монд. Аз 10 феврал парвозҳо аз Душанбе ба Теҳрон рӯзҳои ҷумъаи ҳафта анҷом дода мешаванд.

Рӯзи наздиктарин парвоз дар ҳоли ҳозир 2 июн зикр шудааст.

Нархи ҳадди ақали билет 2 ҳазору 105 сомонӣ муқаррар шудааст. Вақти парвоз – 16:00, вақти расидан – 17:20 бо вақти Душанбе, парвоз 1 соату 50 дақиқа вақтро мегирад.

Бо хатсайри Теҳрон – Душанбе низ рӯзи парвози наздиктарин 2 июн муайян шудааст. Вақти парвоз – 18:50 ва вақти расидан – 22:40 дақиқа бо вақти Душанбе.

Вақти парвоз 3 соату 20 дақиқаро ташкил медиҳад. Нархи ҳадди ақали билет – 2 ҳазору 162 сомонӣ муқаррар шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...