Аз 9,5 то 11,5 сол. Ҳукми подполковник ва 5 сарбози пешин барои латукӯби наваскарон

Як подполковник ва 5 сарбоз, ки дар робита ба латукӯби наваскарон ва нашри навори он дар шабакаҳои иҷтимоӣ, як моҳ пештар боздошт шуда буданд, бо қарори Колегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон аз 9,5 то 11,5 сол равонаи зиндон шудаанд. Як корманди масъули Колегияи ҳарбии горнизони шаҳри Хуҷанд дар суҳбат бо “Азия-Плюс” тасдиқ кард, ки ҳама […]

Asia-Plus

Як подполковник ва 5 сарбоз, ки дар робита ба латукӯби наваскарон ва нашри навори он дар шабакаҳои иҷтимоӣ, як моҳ пештар боздошт шуда буданд, бо қарори Колегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон аз 9,5 то 11,5 сол равонаи зиндон шудаанд.

Як корманди масъули Колегияи ҳарбии горнизони шаҳри Хуҷанд дар суҳбат бо “Азия-Плюс” тасдиқ кард, ки ҳама 6 гумонбар ҳукм гирифтанд, вале бо ишора ба он ки ҳукм аз ҷониби Колегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон содир шуд, аз додани иттилои бештар худдорӣ кард.

Ҳамсуҳбати мо танҳо гуфт, ҳамаашон ҳукм гирифтанд ва додрас Матин Бобозода, додраси Колегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон дирӯз, 30-юми май, дар бинои гарнизони Хуҷанд, ҳукми онҳоро содир кард.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъи дигар аз Колегияи ҳарбии горнизони шаҳри Хуҷанд бидуни ифшои ном гуфт, бо ҳукми додгоҳ, подполковник Нузҳат Лазуриев, сардори комендатураи якуми сарҳадии “Ворух”-и қисми ҳарбии 0215 ҚС КДАМ Тоҷикистон ва сержант Ҷонибек Қосимзода 11 солу 6 ва 4 сарбози дигар 9 солу 6 моҳ равонаи зиндон шуданд.

Қаблан гуфта мешуд, ки подполковник Нузҳат Лазуриев ва  Ҷонибек Қосимзода ба сӯистифода аз мақом ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ (моддаи 391, қисми 3, банди “б” Кодекси ҷиноятии ҶТ) айбдор мешавад. Ин банди қонун ҷазо дар намуди аз ҳашт то дувоздаҳ сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Сарбозон Фахриддин Азимов, Аъзам Камолов, Маҳмадназар Нозимов, Ҳоҷиакбар Сайфуллоев, ки дар латукӯби сарбозон гумонбар буданд, барои “вайрон кардани қоидаҳои оинномавӣ” (қисми 2-и моддаи 373 Кодекси ҷиноятии ҶТ) муттаҳам мешаванд. Барои ин иттиҳом аз панҷ то даҳ сол зиндон муайян шудааст.

Парвандаи мазкурро додситони низомии Суғд давоми қариб як моҳ таҳқиқ кардааст.

Назари худи афсарону сарбозон, наздикон ва вакили дифои онҳо дар робита ба парванда ва ҳукми додгоҳ маълум нест.

Афсару сарбозон замоне боздошт шуданд, ки навори саф кашидани чанд сарбоз ва бадрафторӣ нисбати наваскарон ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт ва боиси эътирози корбарони интернетӣ гардид.

Радиои Озодӣ навишт, ки панҷ сарбоз муҳлати хидмати ҳарбиро ба поён расонда буданд ва дар хонаҳояшон боздошт шуданд.

Пас аз нашри мавод дар шабакаҳо корбарони зиёд аз латукӯб ва бадрафторӣ дар сафи артиш ёдовар шуда, аз он бо шеваи тунд интиқод карданд ва аз мақомоти масъули кишвар дархост карданд, ки ҳодиса таҳқиқ гардида, гунаҳкорон муҷозот шаванд. Ҳамчунин, аксари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ талаб намуданд, ки минбаъд пеши роҳи меҳтарсолорӣ ва бадрафторӣ дар артиш гирифта шавад ва барои такрор нашудани чунин ҳолатҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Дар пайи ин, Додситони кулли Тоҷикистон хабар дод, ки вобаста ба ин ҳодиса прокуратураи ҳарбӣ 5 нафар хидматчиёни ҳарбии дар ин амал дастдошта ва подполковник Нузҳат Лазуриев, сардори комендатураи якуми сарҳадии “Ворух”-и қисми ҳарбии 0215 ҚС КДАМ ҶТ-ро боздошт кардааст.

Маълум гардид, ки ҳодиса тахминан рӯзи 15 декабри соли 2022 қисми ҳарбии 0215 Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ рух додааст.

Бадрафторӣ ё “дедовшина” дар артиши Тоҷикистон дарди куҳна аст. Ҳар чанд вақт хабарҳо дар бораи захмӣ шудан ё фавти сарбозон дар натиҷаи “дедовшина” ба расонаҳо роҳ меёбад. Ҳукумати Тоҷикистон моҳи октябри имсол ба Созмони Милалли Муттаҳид (СММ) гуфтааст, аз соли 2019 то 2021 ва сабаби “риоят нашудани оинномаи низомӣ” бештар аз 100 сарбоз ба ҳалокат расидаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.