“Тақдири талхи се ятим”. Нахустнамоиши филми “Се хоҳарон…” дар Душанбе

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакон дар Душанбе филми ҳунарии “Се хоҳарон…” ба намоиш гузошта шуд. Филм дар бораи рӯзгори талхи хоҳароне, ки аз модар ятим мондаанд, қисса мекунад.

Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” хабар медиҳад, ки дирӯз, 31-уми май, дар арафаи Рӯзи байналмилалии кӯдакон дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров нахустнамоиши филми ҳунарии “Се хоҳарон…” баргузор гардид.

Ин филм бо коргардонии Муҳаммадрабии Исмоил рӯйи навор омадааст.

“Қисмати се хоҳари аз модар маҳруммонда, ба хонаи кӯдакон афтодани хоҳарони дугоник,  рӯзгори пурпечутоби падар, ҳамқисмати модар гардидани хоҳари калонӣ, фарзандхон гардидани дугоникҳо ва оқибат дарёфтани оилаи аслӣ муҳтавои асосии филм мебошад”, – менависад “Тоҷикфилм”.

Дар идома меафзояд, ки саҳнаҳои риққатовару эҳсосотии филм боиси боз ҳам ҷолибу диданибоб шудани он гардида, ҳунарпешаҳои касбӣ ва нақшофарони ҳаваскор аз уҳдаи иҷрои вазифаи хеш ба хубӣ баромадаанд.

Хусусан, нақшофарии дӯстрӯякони дугоник хеле табиӣ ва ҷолиб ҳувайдо гардидааст

“Филм хусусияти тарбиявӣ дошта, ҷиҳати тарғибу баланд гардидани арзишҳои олии ахлоқию инсонӣ ба маврид мебошад ва барои доираи васеи алоқамандони синамо, махсусан,  наврасону кӯдакон пешбинӣ шудааст”, – омадааст дар хабар.

Намоиши оммавии филми “Се хоҳарон…” рӯзҳои наздик дар кинотолорҳои кишвар ба роҳ монда мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...