“Тақдири талхи се ятим”. Нахустнамоиши филми “Се хоҳарон…” дар Душанбе

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакон дар Душанбе филми ҳунарии “Се хоҳарон…” ба намоиш гузошта шуд. Филм дар бораи рӯзгори талхи хоҳароне, ки аз модар ятим мондаанд, қисса мекунад. Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” хабар медиҳад, ки дирӯз, 31-уми май, дар арафаи Рӯзи байналмилалии кӯдакон дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров нахустнамоиши филми ҳунарии “Се хоҳарон…” баргузор гардид. […]

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакон дар Душанбе филми ҳунарии “Се хоҳарон…” ба намоиш гузошта шуд. Филм дар бораи рӯзгори талхи хоҳароне, ки аз модар ятим мондаанд, қисса мекунад.

Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” хабар медиҳад, ки дирӯз, 31-уми май, дар арафаи Рӯзи байналмилалии кӯдакон дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров нахустнамоиши филми ҳунарии “Се хоҳарон…” баргузор гардид.

Ин филм бо коргардонии Муҳаммадрабии Исмоил рӯйи навор омадааст.

“Қисмати се хоҳари аз модар маҳруммонда, ба хонаи кӯдакон афтодани хоҳарони дугоник,  рӯзгори пурпечутоби падар, ҳамқисмати модар гардидани хоҳари калонӣ, фарзандхон гардидани дугоникҳо ва оқибат дарёфтани оилаи аслӣ муҳтавои асосии филм мебошад”, – менависад “Тоҷикфилм”.

Дар идома меафзояд, ки саҳнаҳои риққатовару эҳсосотии филм боиси боз ҳам ҷолибу диданибоб шудани он гардида, ҳунарпешаҳои касбӣ ва нақшофарони ҳаваскор аз уҳдаи иҷрои вазифаи хеш ба хубӣ баромадаанд.

Хусусан, нақшофарии дӯстрӯякони дугоник хеле табиӣ ва ҷолиб ҳувайдо гардидааст

“Филм хусусияти тарбиявӣ дошта, ҷиҳати тарғибу баланд гардидани арзишҳои олии ахлоқию инсонӣ ба маврид мебошад ва барои доираи васеи алоқамандони синамо, махсусан,  наврасону кӯдакон пешбинӣ шудааст”, – омадааст дар хабар.

Намоиши оммавии филми “Се хоҳарон…” рӯзҳои наздик дар кинотолорҳои кишвар ба роҳ монда мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.