Баъди қазияи латукӯби сарбозон, Додситонии кулл назорат бар меҳтарсолорӣ дар қисмҳои ҳарбиро пурзӯр кард

Asia-Plus

Баъд аз паҳн шудани навори латукӯби сарбозон ва боздошту ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо, Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ба кормандони ин ниҳод дастур додааст, ки мубориза бо меҳтарсолорӣ дар қисмҳои ҳарбиро пурзӯр кунанд.

“Бо дастури Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи қисмҳои ҳарбии кишвар доир ба муайян кардани ҳолатҳои ҷой доштани чунин таҷрибаи номатлуби бадрафторию бузургсолорӣ (дедовщина), лату кӯби хизматчиёни ҳарбӣ ва дар ин замина муайяну ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳгор, баланд бардоштани масъулият ва ҳисси ҷавобгарии ҳайати роҳбарикунандаи қисмҳои ҳарбӣ санҷишҳои прокурорӣ гузаронида шуда, назорат дар ин самт пурзӯр карда шуд”, – гуфта мешавад дар хабари Додситонии кулли кишвар.

Дар хабари нашркардаи Додситонии кулли кишвар, боздошту ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ҳукми гирифтаи муттаҳамони латукӯби сарбозон, ки навори он ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтаву вокунишҳои қатъиро ба бор овард, шарҳ дода шудааст.

Зикр мегардад, ки ҳолати мазкур зери назорати додситони кулл, генерал-полковники адлия Раҳмон Ю.А. “мавриди санҷиши пурра ва ҳаматарафа қарор гирифта, ҳамаи шахсони гунаҳгор дар муҳлати кӯтоҳ муайян ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, бо ҳукми суд маҳкум гардиданд”.

Бояд гуфт, 30-юми майи соли 2023 Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон нисбати 8 нафар, ки барои латукӯби сарбозор гунаҳкор мешуданд, ҳукми худро содир намуд. Подполковник Нузхат Лазуриев, сардори собиқи комендатураи якуми сарҳадии “Ворух”-и қисми ҳарбии 0215 ҚС КДАМ Тоҷикистон, ки ҳодиса дар он ҷой рух додааст, Аъзамҷон Камолов, Ҳоҷиакбар Сайфуллоев, Шамсулло Юсупов, Муҳаммадназар Нозимов, Ҷонибек Қосимзода, Фахриддин  Азимов ва Сунатулло Холматов аз 9 солу 6 моҳ то 11 соли 6 моҳ ба зиндон маҳкум шуданд.

Ёдовар мешавем, ки ин афсару сарбозон замоне боздошт шуданд, ки навори саф кашидани чанд сарбоз ва бадрафторӣ нисбати наваскарон ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт.

Пас аз нашри мавод дар шабакаҳо корбарони зиёд аз латукӯб ва бадрафторӣ дар сафи артиш ёдовар шуда, аз он интиқод карданд ва аз мақомоти масъули кишвар дархост карданд, ки ҳодиса таҳқиқ гардида, гунаҳкорон муҷозот шаванд. Ҳамчунин, аксари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ талаб намуданд, ки минбаъд пеши роҳи меҳтарсолорӣ ва бадрафторӣ дар артиш гирифта шавад ва барои такрор нашудани чунин ҳолатҳо тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...