Имрӯз калонтарин масҷиди Тоҷикистон ифтитоҳ мешавад. Ҳаракат дар роҳҳои пойтахт маҳдуд мегардад

Имрӯз, 8-уми июн, амири давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ба Тоҷикистон меояд ва бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон калонтарин масҷиди Тоҷикистонро ифтитоҳ мекунанд. Аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки пеш аз намози асри имрӯз, 8-уми июн, Эмомалӣ Раҳмон ва Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ […]

Имрӯз, 8-уми июн, амири давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ба Тоҷикистон меояд ва бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон калонтарин масҷиди Тоҷикистонро ифтитоҳ мекунанд.

Аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки пеш аз намози асри имрӯз, 8-уми июн, Эмомалӣ Раҳмон ва Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ масҷиди навбунёдро расман ифтитоҳ мекунанд.

“Пас аз кушодашавӣ ба эҳтимоли зиёд Эмомалӣ Раҳмон ва Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ дар масҷиди нав намоз мегузоранд”, – гуфт ҳамсӯҳбати мо.

Сафари амири Қатар дар Тоҷикистон ду рӯз идома мекунад.

Дар робита ба ин сафар, рӯзҳои 8-9-июн ҳаракати нақлиёт дар роҳҳои Душанбе маҳдуд карда мешавад.

Сироҷиддин Шакурӣ, сухангӯи Раёсати ВКД дар Душанбе ба “Азия-Плюс” гуфт, дар робита ба ташрифи амири давлати Қатар рӯзҳои 8-9-уми июн ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт дар соатҳои муайяншуда, тавассути кӯчаҳои Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, хиёбонҳои А. Рӯдакӣ, И.Сомонӣ, Н.Ганҷавӣ, Х.Шерозӣ ва кӯчаи Карамов муваққатан манъ карда мешавад.

“Аз ронандагони воситаҳои нақлиёт эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки дар ин рӯзҳо воситаҳои наклиёти хешро дар зери биноҳои баландошёна, зери аломатҳои роҳи манъкунанда ва қисман мошингарди роҳ нагузоранд ва аз кӯчаҳои ҳамшафати роҳи Дӯстии халқҳо, Саъдии Шерозӣ, Назаршоев, Нисорӣ Муҳаммад, кӯчаи Сино, Ҷ.Расулов, Алишер Навоӣ ва Н.Қарабоев ҳаракат намоянд”, – гуфт Шакурӣ.

Ёдовар мешавем, ки амири Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ дар доираи сафари худ ба кишварҳои Осиёи Миёна, қабл аз ташрифаш ба Тоҷикистон, ба кишварҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон сафар дошт.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.