Додситонии кул боздошт ва оғози ду парвандаи ҷиноятӣ нисбати Рустам Холиқовро шарҳ дод

admin

Додситонии кулли Тоҷикистон боздошти Рустам Холиқов, роҳбари собиқи ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ва директори пешини Фурудгоҳи байналмилалии Душанберо расман тасдиқ кард ва гуфт, ӯ дар ҳабс қарор дошта, нисбаташ бо ду моддаи Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Ин ниҳод дар як посухи катбӣ ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард, ки ӯ расман 25-уми майи соли ҷорӣ  боздошт шуда, ба баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ (моддаи 316 қисми 3 банди “в”) ва исрофкорӣ ба миқдори махсусан калон (моддаи 245 қисми 4 банди “а”) гумонбар аст.

Моддаи 316 қисми 3 аз 912 то 1825 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як ҳисоб ба 68 сомонӣ баробар аст) ҷарима ва ё аз 5 то 10 сол ва 245 қисми 4 аз 1824 то 2700 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима ё аз 10 то 15 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Додситонии кул бо такя ба чанд банди қонунгузорӣ аз додани иттилои бештар дар робита ба боздошти роҳбари пешини ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” худдорӣ кардааст.

Дар ҳоле, ки “Азия-Плюс” дар мактуби расмии худ аз Додситонии кулли кишвар хоста буд, ки оид ба сабаби боздошт ӯ маълумоти муфассал пешниҳод кунанд.

Дар мактубе, ки бо имзои М. Ғанизода, сардори Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Додситонии кулли Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” расид, бо такя ба моддаи 177 қисми 1 Кодекси мурофиаи ҷиноятии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки “маълумоти тафтиши пешакиро танҳо бо иҷозати шахси пешбарандаи таъқиби ҷиноятӣ (муфаттиш дар назар аст, – аз идора) ва ба андозае, ки ӯ имконпазир медонад, фош кардан мумкин аст”.

“Бо ин асосҳо пешниҳоди дигар маълумотҳо вобаста ба рафти тафтиши парвандаи ҷиноятӣ айни ҳол ғайриимкон мебошад”, – омадааст дар посухи Додситонии кул.

Аз Рустам Холиқов шикоят доред? Ба Додситони кул муроҷиат кунед!

Дар ҳамин ҳол, ин ниҳод, аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ даъват кардааст, ки дар ҳолати мавҷуд будани маълумот нисбати амалҳои ғайриқонунии Рустам Холиқов ба Додистонии кул муроҷиат намоянд.

Охири моҳи май, Радиои Озодӣ хабар дода буд, ки Рустам Холиқов боздошт гардида, “ба “азхудкунӣ ё исрофи маблағ”, “сохтакорӣ” ва “қаллобӣ” муттаҳам аст”.

Ин расона навишта буд, ки “амволу дороиҳояш низ феълан ба ҳабс гирифта шудааст. Парванда ба замони кораш дар ширкати “Тоҷик Эйр” пайванд дорад”.

Ин бори дуввум аст, ки Рустам Холиқов аз сӯи мақомот боздошт мешавад. Ба иттилои Радиои Озодӣ, ӯ моҳи августи соли 2019 “қабл аз парвоз ба Туркия дар фурудгоҳи Душанбе боздошт шуда, вале баъдан раҳо шуда буд”.

Дар бораи таърихи муфлисшавии ширкати “Тоҷик Эйр” аз матлаби “Ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз пардохти андоз озод шуданд. “Tajik Air” аз варта раҳо мешавад?” муфассал маълумот пайдо кунед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...