Имомхатиби масҷиди калонтарини Тоҷикистон таъйин шуд. Ӯ сархатиби пешини масҷиди ҷомеи Данғара будааст

Сайидмутаҳҳар Асомиддинзода имомхатиби калонтарин масҷиди Тоҷикистон таъин гардидааст. Дар ин бора Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод. Саидмукаррам Абдуқодирзода гуфт, "Эшони Сайидмутаҳҳар Эсомиддинзода солҳо имомхати масҷиди ҷомеи марказии ноҳияи Данғара буд ва аз ҷониби Шӯрои уламои Тоҷикистон ба ин вазифа таъин гардид". Ӯ дар хусуси таҳсилоти динии имомхатиби калонтарин масҷиди Тоҷикистон […]

Сайидмутаҳҳар Асомиддинзода имомхатиби калонтарин масҷиди Тоҷикистон таъин гардидааст. Дар ин бора Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Саидмукаррам Абдуқодирзода гуфт, "Эшони Сайидмутаҳҳар Эсомиддинзода солҳо имомхати масҷиди ҷомеи марказии ноҳияи Данғара буд ва аз ҷониби Шӯрои уламои Тоҷикистон ба ин вазифа таъин гардид".

Ӯ дар хусуси таҳсилоти динии имомхатиби калонтарин масҷиди Тоҷикистон мушаххасан чизе нагуфт, вале таъкид кард, ки "ӯ дониши хуби динӣ ва истеъдоди суханварӣ" дорад.

Қаблан аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки Сайидмутаҳҳар Асомиддинзода сархатиби масҷиди ҷомеи ноҳияи Данғара буд ва чанде пештар дар мувофиқа бо ин ниҳод ва бо қарори ҳайати хатибон имомхатиби калонтарин масҷиди Тоҷикистон таъин гардидааст.

“Эшони Сайидмутаҳҳар Асомиддинзода аз рӯи дониш, тақво ва камоли одобу ахлоқаш бо қарори ҳайати хатибон ва дар мувофиқа бо Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим сархатиби масҷиди ҷомеи нави Душанбе таъйин гардидааст”, – гуфт манбаи мо.

Маврид ба зикр аст, ки ин масҷид дирӯз бо ширкати раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва амири давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ расман ифтитоҳ гардид.

Масҷиди нав ба номи Имоми Аъзам – Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит гузошта шуд.

Дар бораи масҷид ва маросими ифтитоҳи он муфасаал дар матлаби “Расман: Калонтарин масҷиди Тоҷикистон ифтитоҳ шуд” хонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.