Мишустин: Русия ва Тоҷикистон ба ҳимояи тиҷорат аз таҳримҳои Ғарб бештар таваҷҷуҳ мекунанд

Сарвазири Русия Михаил Мишустин изҳор дошт, ки Русия ва Тоҷикистон ба густариши равобити тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳифзи ҳамкориҳои дуҷониба аз таҳримҳои ғайриқонунии Ғарб афзалият медиҳанд. "Мо тавассути ҳукумат иҷрои тавофуқоти раҳбаронамонро таъмин мекунем, ба таҳкими равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ ва ҳамкории мутақобила, ҳифзи он аз таҳримҳои ғайриқонунии Ғарб афзалият медиҳем", – иброз доштааст Мишустин рӯзи […]

ТАСС

Сарвазири Русия Михаил Мишустин изҳор дошт, ки Русия ва Тоҷикистон ба густариши равобити тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳифзи ҳамкориҳои дуҷониба аз таҳримҳои ғайриқонунии Ғарб афзалият медиҳанд.

"Мо тавассути ҳукумат иҷрои тавофуқоти раҳбаронамонро таъмин мекунем, ба таҳкими равобити тиҷорӣ ва иқтисодӣ ва ҳамкории мутақобила, ҳифзи он аз таҳримҳои ғайриқонунии Ғарб афзалият медиҳем", – иброз доштааст Мишустин рӯзи 8 июн зимни мулоқот бо сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода.

Тавре ки хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад, Мишустин ёдовар шудааст, ки Русия яке аз шарикони асосии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон аст: дар соли 2022 гардиши мутақобилаи мол байни кишварҳо 18% афзоиш ёфта, қариб ба 105 млрд рубл расидааст.

“Сармоягузориҳои Русия ба иқтисоди Тоҷикистон афзоиш ёфта, ширкатҳои ватанӣ дар бахши энергетика, иқтисоди рақамӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ ва як қатор бахшҳои дигар фаъолона кор мекунанд», – гуфтааст сарвазири Русия.

Ба гуфтаи Мишустин, ба ҳамкориҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад.

“Имсол баргузории Рӯзи синамои Русия ва Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон дар назар аст”, – изҳор доштааст ӯ.

Ӯ ҳамчунин зикр кардааст, ки аз 1 сентябри соли гузашта дар Тоҷикистон панҷ мактаби таҳсилоти умумии аз ҷониби Русия сохташуда бо таълим ба забони русӣ ва тибқи меъёрҳои таълимии Русия ба кор шурӯъ карданд.

"Ва ман боздид аз яке аз ин мактабҳо – мактаби ба номи Юрий Гагаринро низ бо камоли мамнуният ба ёд меорам. Ман дар моҳи март ҳангоми сафари худ ба Душанбе аз он боздид кардам, аз худи мактаб, суҳбат бо хонандагони он, рӯҳияи дӯстӣ ва хотираи умумии таърихӣ, фарҳанг ва толибилмону омӯзгорони ин муассиса таассуроти беҳтарин бардоштам. Ташаккури зиёд барои ин лоиҳа”, – зикр кардааст Мишустин.

Сарвазири Русия гуфтааст, ба тавсеаи ҳамкориҳои байниминтақавӣ, ки ба афзоиши гардиши мол, ҷалби сармоя ва роҳандозии лоиҳаҳои нави муштараки ҳамкорӣ мусоидат мекунад, таваҷҷӯҳи зиёд зоҳир карда хоҳад шуд.

Ёдрас мекунем, ки сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар шаҳри Сочии Русия қарор дошта, чанде пеш дар ин ҷо ҷаласаи Шӯрои байниҳукуматии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) доир гардид. Дар он Қоҳир Расулзода ба сифати меҳмони даъватшуда ширкат варзид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.