Бонки “Алиф”-ро беш аз ним миллион сомонӣ ҷарима бастаанд

Asia-Plus

Бонки миллии Тоҷикистон баъд аз ёфтани чанд камбудӣ дар кори “Алиф Бонк”, ин муассисаро 600 ҳазор сомонӣ ҷарима баста, анҷоми ду намуди амалиётро барои ин бонк маҳдуд кардааст. Дар ин бора Гуланор Атобек, раиси “Алиф Бонк” дар саҳифаи шахсиаш дар “Фейсбук” хабар дод.

Ӯ навишт,  ки ниҳоди танзимгари соҳа дар натиҷаи санҷиши фаъолияти дусолаи бонк, нодуруст анҷом додани амалиётҳои хазинавию муҳосибӣ ва асъорӣ, камбудиҳои ҷиддӣ дар раванди қонунигардонии маблағҳо, нодуруст пешниҳод намудани ҳисобот оиди амалиётҳои асъорӣ ва номукаммалии ҳуҷҷатгузорӣ аз рӯи баъзе амалиётҳоро ошкор кардааст.

Бонки миллӣ дар баробари 600 ҳазор сомонӣ ҷарима, ҳамчунин, анҷом додани ду намуди амалиёт-қонунигардонии маблағҳои шаҳрвандон мувофиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва амалиётҳои мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ барои ширкатҳо, яъне шахсони ҳуқуқӣ дар давоми 3 моҳ, ба истиснои баъзе намуди амалиётҳо барои бонк маҳдуд кардаааст.

Роҳбари “Алиф Бонк” гуфтааст, ки ин маҳдудиятҳо ба бисёри мизоҷонашон таъсире намерасонанд.

Номбурда ифшои ин маълумотро дар шабакаҳои иҷтимоӣ шаффофияти кор ва масъулияти бонк дар назди ҷомеа донистааст.

Ӯ гуфтааст, ки аллакай қисме аз норасоиҳоро ислоҳ карда, ҳаракат мекунанд, то охири сол боқимондаашро низ дар асоси нақша-чорабинии таҳияшуда, ислоҳ намоянд.

Гуланор Атобек дар идома аз дастовардҳои бонк дар соли гузашта ёдовар шуда, аз ҷумла навиштааст, ки онҳо соли 2022-ро бо даромади тоза дар ҳаҷми 43 млн сомонӣ ба анҷом расониданд, ки ин таърихан натиҷаи рекордӣ аст. Ин дар ҳолест, ки ин бонк соли 2021-ро бо натиҷаи манфӣ ҷамъбаст карда буд.

Ба иттилои ӯ, дастовардҳои дигари бонк, дар соли гузашта, 4 маротиба афзун гардидани ҳаҷми амонатҳо назар ба соли 2021, 13 дарсад зиёд шудани сандуқи қарзӣ, беш аз 3 маротиба зиёд гардидани ҳаҷми амалиётҳои ғайринақдие, ки тариқи барномаи "alif mobi" ва 41 дарсад афзоиш ёфтани шумораи истифодабарандагони фаъол, 63 дарсад зиёд гардидани кортҳои баровардашуда ва 4 маротиба зиёд шудани ҳаҷми интиқоли маблағ аст.

Ин бори аввал нест, ки Бонки миллӣ ин бонкро ҷарима мекунад. Соли 2020 низ Бонки миллии Тоҷикистон баъд аз ёфтани чанд камбуд дар кори бонки "Алиф" ин муассисаро ним миллион сомонӣ ҷарима баста буд. Фаъол набудани шӯрои нозирон, кумитаи аудит ва кумитаи идоракунии хавфҳо аз ҷумлаи нуқсҳо гуфта мешавад.

Ёдовар мешавем, ки “Алиф-Бонк” яке аз бонкҳои пештози тиҷоратӣ дар Тоҷикистон аст. Ин бонк дар заминаи ташкилоти хурди қарзиву амонатии “Алиф – Капитал” таъсис шуд ва аз соли 2014 фаъол аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...