Байни Додситонии кулли Тоҷикистону Эрон оид ба боздошту истирдоди ҷинояткорон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Дар шаҳри Душанбе байни Додситонии кулли Тоҷикистон ва Эрон дар робита ба боздошту истирдоди ҷинояткорон ёддошти тафоҳум ба имзо расид ва акнун ҳарду кишвар  шаҳрвандонеро, ки ҷиноят содир кардаанд, боздошт ва кишварҳои якдигар истирдод мекунанд. Дар ин бора хабаргузории эронии “IRNA” бо такя ба Додситони кулли Эрон иттилоъ медиҳад ва менависад, ки ҳамкории ин ду ниҳод расман […]

Дар шаҳри Душанбе байни Додситонии кулли Тоҷикистон ва Эрон дар робита ба боздошту истирдоди ҷинояткорон ёддошти тафоҳум ба имзо расид ва акнун ҳарду кишвар  шаҳрвандонеро, ки ҷиноят содир кардаанд, боздошт ва кишварҳои якдигар истирдод мекунанд.

Дар ин бора хабаргузории эронии “IRNA” бо такя ба Додситони кулли Эрон иттилоъ медиҳад ва менависад, ки ҳамкории ин ду ниҳод расман оғоз гардид.

Ба гуфтаи манбаъ, дар идомаи тавсеаи равобити қазоии ду кишвар ин ёддоштро Алӣ Акбар Бахтиёрӣ, раиси дафтари додситонии кулли Эрон ва Дилшод Талбакзода, муовини додситони кулли Тоҷикистон ба имзо расонидаанд.

Ин санад аз чаҳор банд тартиб дода шудааст ва аз рӯи он минбаъд байни додситониҳои кулли Тоҷикистон ва Эрон “табодули ахбору маълумот сурат гирифта, шаҳрвандоне, ки дар ин ду кишвар ҷиноят содир кардаанд, боздошту истирдод мешаванд”.

Ин тафоҳумнома рӯзи 12-уми июн ба имзо расидааст, аммо Додситонии кулли Тоҷикистон дар ин маврид иттилоъ пахш накардааст.

Дар ҳамин ҳол, хабаргузории “Фардо” иттилоъ медиҳад, ки Абдурраҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо Аҳмад Воҳидӣ, вазири корҳои дохилаи Эрон ва Сайид Маҷид Мираҳмадӣ муовини ӯ оид ба масоили амниятӣ дар Теҳрон дидору гуфтугӯ кардааст.

Манбаъ менависад, ки дар ин мулоқот мавзӯъҳои тавсеаи равобити дуҷониба, таҳкими ҳамкориҳои амниятӣ, мубориза бо терроризм ва ҷиноятҳои созмонёфта, интиқоли зиндониён, табодули таҷриба ва омӯзиши пулис баррасӣ шуд.

Абдурраҳмони Аламшозода, муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон гуфтааст, “бо ҷониби Эрон дар масъалаи мубориза бо фаъолиятҳои террористӣ, қочоқи маводи мухаддир ва қочоқи аслиҳа ҳамоҳангӣ ҳосил шуд”.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 8-уми июн Муҳаммад Ҷаъфар Мунтазирӣ, додситони кулли Эрон ба Тоҷикистон омада, бо Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон мулоқот анҷом дода буд.

Додситонии кулли Тоҷикистон он вақт гуфта буд, ки “масъалаҳои ҳамкории мақомоти ду кишвар дар самти муборизаи муштарак бо ҷинояткорӣ, расонидани ёрии ҳуқуқӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, истирдоди ҷинояткорон ва бозпас додани маҳкумшудагон”-ро баррасӣ мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.