“Грамматикаи забонӣ арабӣ”. Китобе бо арзиши 4 ҳазор сомонӣ дар маҷмааи “Қалъаи Хуҷанд”

Дар Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» беш аз 400 китоби дастнавис ва сангӣ, инчунин 200 дастхат нигоҳ дошта мешавад. Яке аз қадимтарин ва дар айни замон гаронтарин китоб дар ин маҷмаа  китоби дастнависи “Грамматикаи забонӣ арабӣ” аст, ки чанд сол пеш аз як сокини маҳаллӣ бо арзиши қариб 4 ҳазор сомонӣ харидорӣ шудааст. Даврон Исобоев, […]

Фарзона Муродӣ, Asia-Plus

Дар Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» беш аз 400 китоби дастнавис ва сангӣ, инчунин 200 дастхат нигоҳ дошта мешавад. Яке аз қадимтарин ва дар айни замон гаронтарин китоб дар ин маҷмаа  китоби дастнависи “Грамматикаи забонӣ арабӣ” аст, ки чанд сол пеш аз як сокини маҳаллӣ бо арзиши қариб 4 ҳазор сомонӣ харидорӣ шудааст.

Даврон Исобоев, мудири шуъбаи дастхатҳо ва табъу нашри Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, ин китоб ба асри XVIII тааллуқ дошта, се сол пеш бо чанд китоби нодири дигар аз як сокини ҷамоати деҳоти Ғониёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо арзиши 3 ҳазору 900 сомонӣ харида, дар фонди маҷмаа нигоҳдорӣ мешавад.

“Пеш аз харидории китобҳо кормандони маркази илмӣ ба кадом аср тааллуқ доштан ва муҳим будани онро муайян карда, ба ҳар китоб шиноснома ё “паспорт” медиҳанд. Танҳо баъди он, китобҳо харидорӣ ва ба фонди марказ супорида мешавад”, – гуфт Даврон Исобоев.

Пули китобҳо аз ҳисоби фонди осорхона маблағгузорӣ мешавад ва ба иттилои масъулин, ба ин фонд ҳарсола 15 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо мегардад.

Номбурда афзуд, дар ин миён ҳастанд нафароне, ки барои несту нобуд нашудани китобҳои нодиру таърихӣ онро ба маҷмаа оварда туҳфа мекунанд.

Ба иттилои ӯ, дастрасӣ ба китобу дастхатҳо дар марказ озод буда, хоҳишмандон метавонанд, дар рӯзҳои корӣ дар фонд онҳоро мутолиа кунанд. Нусхабардорӣ ва ё ба иҷора гирифтаани китобу дастхатҳо бо далели амниятӣ манъ аст.

Вале Даврон Исобоев нигаронӣ кард, ки шумораи хонандагон кам буда, дар як моҳ ғайр аз 2-3 устоду донишҷӯи дигар касе дари шӯъбаро касе намекубад.

“Ҳафад аз таъсиси шӯъба эмин нигоҳ доштани китобҳои қадимию пурарзиш ва ба насли навин мерос мондани онҳо аст. Аммо насли нав вақте ба осорхона тамошо меоянд, ба китоб таваҷҷӯҳ намекунанд. Ба зоҳири  китобу дастхатҳо нигоҳ мекунанд, вале намепурсанд, ки чи китоб аст ва чӣ қадар арзишу аҳамият дорад”, – гуфт ин масъули “Қалъаи Хуҷанд”.

Дар баробари дастнависи “Грамматикаи забонӣ арабӣ” дар ин марказ китобу дастхатҳои нодири дигар ҳам нигоҳдорӣ мешаванд, ки дорои аҳамиятӣ таърихӣ ва илмӣ мебошанд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2015 бо қарори Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд дар маркази маъмурии вилоят Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии «Қалъаи Хуҷанд» таъсис дода шуд, ки «Осорхонаи таърихии вилояти Суғд» ба ин муассиса ҳамроҳ карда шуд.

Маҷмаа дорои осорхонаи таърихӣ – ҳамчун муассисаи илмию тадқиқотӣ, боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ, инчунин Қалъаи Хуҷанд – ҳамчун мавзеи аҳмияти баланди таърихию фарҳангӣ ва экологӣ доштаро доро буда, барои рушди илм, фарҳанг ва сайёҳӣ мусоидат менамояд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.