Екатеринбург: Кушта шудани 2 тоҷик дар “разборкаи соф тоҷикӣ”

Шаби 11 ба 12 июн дар шаҳри Екатеринбурги Русия бо иштироки зодагони Тоҷикистон ҷанҷолу занозании гурӯҳӣ доир гардида, дар натиҷа ду нафари соли таваллудашон 1984 ва 2002 – Темур Исмоилов ва Ҳофиз Ниёззода аз зарби корд ҳалок шуданд. Тавре ки "Коммерсантъ" хабар медиҳад,  шоми 11 июн Темур Исмоилов бо писари 19-солааш аввал дӯсташро аз шаҳраки […]

Шаби 11 ба 12 июн дар шаҳри Екатеринбурги Русия бо иштироки зодагони Тоҷикистон ҷанҷолу занозании гурӯҳӣ доир гардида, дар натиҷа ду нафари соли таваллудашон 1984 ва 2002 – Темур Исмоилов ва Ҳофиз Ниёззода аз зарби корд ҳалок шуданд.

Тавре ки "Коммерсантъ" хабар медиҳад,  шоми 11 июн Темур Исмоилов бо писари 19-солааш аввал дӯсташро аз шаҳраки Малий исток гирифта, сипас барои вохӯрӣ бо “ҳамкоронаш” ба Екатеринбург меравад.

Соати 3:10 онҳо назди мағозаи “Монетка” дар кӯчаи Бардин мефароянд. Баъди чанде автомашинаи Nissan ба он ҷо меояд ва аз дохилаш 6 нафар мардон мебароянд. Байни онҳо зодагони Тоҷикистон Кенҷабой Назарзода ва Сипар Юсупов ҳузур доштаанд. Шахсияти дигар иштирокчиёни вохӯрӣ ҳозир аз ҷониби мақомоти қудратӣ муайян карда мешавад.

Темур Исмоилов ҳамроҳи дӯсташ назди мардон баромада, оромона бо ҳам суҳбат доштаанд. Сипас автомашинаи Hyundai Elantra назди мағозаи “Монетка” омада, аз дохилаш 4 нафар мардон мефароянд. Мақомот муайян кардаанд, ки миёни онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон Ғаффор Ғаффорзода ва Илёс Бобиев будаанд.

Сипас ҷанҷоли гурӯҳӣ ба амал омада, дар ҷараёни он Бобиев бо корд ба ҷисми Темур Исмоилов ва дигар мардони паҳлӯяш зарба мезанад. Вақте кормандони пулис ба ҷойи ҳодиса меоянд, ҷасадҳои Темур Исмоилов ва Ҳофиз Ниёззодаро дарёфт мекунанд. Бо 3 нафар дигари иштирокчиёни ҷанҷол бо ҷароҳатҳо дар бемористони №36-и шаҳр бистарӣ шудаанд.

Раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин дастур додааст, ки дар бораи ҷараёни тафтишот ва ҳолатҳои дигари қазия шахсан ба ӯ гузориш диҳанд.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки Илёс Бобиев мавриди ҷустуҷӯи федералӣ эълон шуда, Ғаффор Ғаффорзода пас аз ҳодиса Русияро тарк кардааст.

“Разборка”-и соф тоҷикӣ

Роҳбари диаспораи тоҷикони Урал Фаррух Мирзоев ба портали E1.RU хабар додааст, ки ҳарду ҳалокшудагон дар як сохтмоне дар Екатеринбург кор мекардаанд. Ба гуфтаи ӯ, яке аз дигаре пул қарздор буда, бо одамони худаш барои ҳалли масъала омадааст, ки дар натиҷа муноқиша шудааст.

“Ин ҷо ҳалли масъала байни танҳо тоҷикон буд. Аввал муноқишаи лафзӣ карда, сипас кордкашӣ кардаанд, ки дар натиҷа ду кас ҳалок шуданд, – гуфтааст Мирзоев. – Ягон пул ба умри инсон намеарзад. Мо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкорӣ карда, ба ҳама гуна мусоидату кумак омодаем”.

Ба қавли вай, кормандони мақомот фавран чораҳо андешида, гунаҳкоронро, ки пинҳон шуданӣ буданд, дар Қазоқистон боздошт кардаанд. Дар Кумитаи тафтишоти Русия дар вилояти Свердловск изҳор доштаанд, ки алҳол чунин маълумот дар даст надоранд.

Ҳамчунин, ба гуфтаи Фаррух Мирзоев, миёни ҳамлагарон варзишгари шинохтаи қувваозмоиҳои бидуни қоида дар Ектаеринбург Суҳроб Давлатов ҳам будааст. Ба иттилои манбаи E1.RU, айни замон ӯ боздошт шудааст.

Дар Кумитаи тафтишот ҳоло аз шарҳи масъалаи ба Давлатов дахлдошта худдорӣ кардаанд.

“Аз рӯи ин далел мақомоти тафтишоти Кумитаи тафтишоти Русия парвандаи ҷиноятиро тафтиш карда, ҳамаи ҳолатҳои ҳодиса муайян карда мешавад”, – гуфтаанд дар ин ниҳод.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.