Бо иштироки 40 ҳазор намозгузор. Дар калонтарин масҷиди Тоҷикистон нахустин намози ҷумъаро хонданд

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Имрӯз, 16-уми июн, бо иштироки 40 ҳазор нафар дар масҷиди калонтарини Тоҷикистон аввалин намози ҷумъа баргузор шуд. Мусулмонони кишвар ин ҷумъаро дер боз интизор буданд. Хабарнигори “Азия-Плюс” аз нахустин намози ҷумъаи масҷиди калонтарини Тоҷикистон гузориш таҳия кард.

Ин масҷид ҳафтаи гузашта бо иштироки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва амири Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ ифтитоҳ шуд. Тайи як ҳафта дар ин ҷо намозҳои панҷвақта баргузор мешуд.

Дар бораи масҷид ва маросими ифтитоҳи он муфассал дар матлаби "Расман: Калонтарин масҷиди Тоҷикистон ифтитоҳ шуд" хонед.

Ин масҷид дар ҳудуди 12 гектар, ки бинои масҷид дар 3 гектари он ҷойгир шудааст ва дорои 3 даромадгоҳи калон мебошад, бунёд гардидааст. Масҷид имконияти ғунҷоиши 133 ҳазор намозгузорро дар як вақт дорад, ки аз ин шумора 43 ҳазор намозгузор дар дохили масҷид ва боқимонда дар гирду атрофи он ҷой мегирад. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...