Ду медали ҷудокорони тоҷик дар Гранд Слами Қазоқистон

Дар мусобиқаи байнулмилалии ҷудои Гранд Слами Қазоқистон, ки аз 16 то 18 май баргузор шуд, ҷудокорони тоҷик ба дарёфти ду медал ноил гардиданд. Тавре ки Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад, варзишгари маъруфи кишвар Сомон Маҳмадбеков дар вазни -81кг ба гирифтани медали тилло мушарраф шуд. Гуфта мешавад, Сомон бар варзишгари бетараф Ҳасан Холмирзоев, Озарбойҷон – Зелим […]

Asia-Plus

Дар мусобиқаи байнулмилалии ҷудои Гранд Слами Қазоқистон, ки аз 16 то 18 май баргузор шуд, ҷудокорони тоҷик ба дарёфти ду медал ноил гардиданд.

Тавре ки Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад, варзишгари маъруфи кишвар Сомон Маҳмадбеков дар вазни -81кг ба гирифтани медали тилло мушарраф шуд.

Гуфта мешавад, Сомон бар варзишгари бетараф Ҳасан Холмирзоев, Озарбойҷон – Зелим Тскаев, Гурҷистон – Дмитрий Гошилаидзе ва дар финал варзишгари Бразил Гуилҳерме Шмидтро мағлуб намуда, аввалин медали тиллоро аз мусобиқаҳои Гранд Слам ба гардан овехт. Сомон қаблан дар Гранд Сламҳо ду медали биринҷӣ дошт.

Темур Раҳимов дар вазни +100кг бар варзишгари бетараф Валерий Ендовитский, намояндаи Гурҷистон Саба Инанеишвилӣ пирӯз шуда, вале дар финал аз варзишгари дигари бетараф Тамерлан Башаев мағлуб гардид ва дуюм медали нуқра ва ҳафтум медалро аз мусобиқаҳои Гранд Слам ба даст овард. Темур қаблан дар Гранд Сламҳо як медали тилло, як медали нуқра ва чор медали биринҷӣ дошт.

Меҳрзод Суфиев дар вазни -60кг ба гирифтани ҷои панҷум мушарраф шуд. Дар вазни -60кг варзишгари дигарамон Муҳаммадсолеҳ Қувватов пас аз пирӯзӣ бар Артём Коласау дар даври аввал, дар даври дуюм аз Достон Рӯзиеви узбекистонӣ шикаст хӯрд. Шодмон Ризоев пас аз пирӯзӣ бар Мусо Собирови узбекистонӣ дар даври аввал, дар даври дуюм аз Нугзалӣ Таталашвилӣ аз Амороти Муттаҳидаи Араб шикаст хӯрд.

Дар вазни -66кг ду варзишгарамон – Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов гуштин гирифтанд. Онҳо, ки дар даври аввал озод буданд, дар даври дуюм аз варзишгарони Озарбойҷон мағлуб гардиданд: Эмомалӣ аз Каромат Ҳусейнов, Обид аз Комрон Сулеймонов.

Варзишгарони дигарамон Умедҷон Раҷабов (-90кг) ва Исроил Раҳимов (-100кг) дар даври аввал аз ҳарифон мағлуб гардиданд. Шакармамад Мирмамадов (+100кг) пас аз пирӯзӣ бар Азамат Чотчаев аз Баҳрайн дар даври аввал, дар даври дуюм аз Гурам Тушишвилии гурҷистонӣ шикаст хурд.

Зикр мегардад, ки тими ҷудои Тоҷикистон бо як медали тилло ва як нуқра дар ҳисоби даставӣ миёни 42 кишвари иштирокчӣ дар ҷои 5-ум мавқеъ гирифт.

Ёдрас мекунем, ки дар Гранд Слами Қазоқистон 334 варзишгар (190 мард, 144 зан) аз 42 давлати ҷаҳон ширкат карданд. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 10 варзишгар миёни мардон намояндагӣ карда, ду медал ба даст оварданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.