Нокомии футболбозони тоҷик дар мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023»

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Петр Сегрт ҳунарнамоии худро дар Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ анҷом дод. Ба иттилои ФФТ, барои ҷойи сеюми мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» тими Тоҷикистон бояд дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ дар чаҳоргонаи «А» бар тими Ӯзбекистон пирӯз мешуд. Дар қисми якуми вохӯрӣ натиҷа ба фоидаи дастаи мо – 1:0 […]

Asia-Plus

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Петр Сегрт ҳунарнамоии худро дар Ҷоми миллатҳои Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ анҷом дод.

Ба иттилои ФФТ, барои ҷойи сеюми мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» тими Тоҷикистон бояд дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳӣ дар чаҳоргонаи «А» бар тими Ӯзбекистон пирӯз мешуд. Дар қисми якуми вохӯрӣ натиҷа ба фоидаи дастаи мо – 1:0 буд. Нимҳимоятгар Парвизҷон Умарбоев дар дақиқаи 13-ум бо зарбаи зебои ҷаримавӣ ҳисобро боз кард. Вале дар нимаи дувум футболбозони тоҷик ба дарвозаашон панҷ голи беҷавоб сар доданд. Дар натиҷа яккачини Ӯзбекистон бо ҳисоби 5:1 ғалаба ба даст овард.

Дар бозии дигар тими Уммон бар дастаи Туркманистон – 2:0 пирӯз шуд.

Ба ин тартиб, дар гурӯҳи «А» мунтахаби Ӯзбекистон нуҳ имтиёз ба даст оварда, мақоми аввалро касб кард. Ҷойи дуюм насиби тими Уммон (4 хол) гардид. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо дастаҳои Туркманистон (1:1) ва Уммон (1:1) мусовӣ карда, бо ду имтиёз дар ҷои сеюм қарор гирифт. Тими миллии Туркманистон зинаи охиринро ишғол намуд (1 хол).

20-уми июн тимҳои миллии Уммон ва Қирғизистон барои ҷойи сеюм бозӣ хоҳанд кард. Дастаҳои Ӯзбекистон ва Эрон дар финали мусобиқаи «CAFA Nations Cup-2023» вомехӯранд.

Сармураббии мунтахаби миллии Тоҷикистон Петр Сегрт масъулияти бохт аз тими Ӯзбекистонро пурра ба дӯши худ гирифт.

“Қабл аз ҳама, тими Ӯзбекистонро бо пирӯзӣ тарбик мекунам. Дар бозиҳои пешина мо неруи зиёд сарф карда, то имрӯз хаста шудем. Қисми аввалро хуб гузаронида, дар қисми дуюм хастагӣ эҳсос кардем. Ман хато карда, дар танаффус бозингаронро иваз кардам. Мураббиён ҳам хато мекунанд. Ба фикри ман, ҳисоби бозӣ адолатнок нест. Дар қисми дуюм мо ба худамон монанд набудем, ҳарфи ҳар кори хостаашро анҷом дод. Масъулияти бохти имрӯзаро пурра ба дӯши худ мегирам”, – изҳор доштааст ӯ.

Сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон ҳамчунин аз мухлисон маъзарат хост.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.