Дар Абхазия ду зани тоҷикистонӣ ҳар кадоме ба 15 соли зиндон маҳкум шуданд

Суди шаҳри Сухуми нисбати ду зани шаҳрванди Тоҷикистон Нилуфар Бозорова ва Майдагул Раҳимова барои фурӯши маводи нашъаовар ба миқдори ниҳоят зиёд ҳукми айбдорӣ содир кард. Тавре ки Прокуратураи генералии Абхазия хабар медиҳад, ин ду зан дар ғайриқонунӣ нигаҳдорӣ ва интиқоли маводи нашъаовари метадон бо мақсади фурӯш гунаҳкор дониста шудаанд. Вазни метадон ҳамагӣ 11,42 граммро ташкил […]

Суди шаҳри Сухуми нисбати ду зани шаҳрванди Тоҷикистон Нилуфар Бозорова ва Майдагул Раҳимова барои фурӯши маводи нашъаовар ба миқдори ниҳоят зиёд ҳукми айбдорӣ содир кард.

Тавре ки Прокуратураи генералии Абхазия хабар медиҳад, ин ду зан дар ғайриқонунӣ нигаҳдорӣ ва интиқоли маводи нашъаовари метадон бо мақсади фурӯш гунаҳкор дониста шудаанд.

Вазни метадон ҳамагӣ 11,42 граммро ташкил додааст.

Барои содир намудани ҷиноятҳои пешбинишуда дар банди “в”, қисми 3, моддаи 224 (фурӯши ғайриқонунии маводи нашъаовар ба миқдори зиёд)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Абхазия, Н.Бозороваи 22-сола ба 15 соли зиндон ва ҷарима ба маблағи 600 ҳазор рубл ба нафъи давлат ва М.Раҳимова ба 15 соли зиндон ва ҷарима ба маблағи 700 ҳазор рубл ба нафъи давлат маҳкум шуданд. Ҳарду ҷазоро дар зиндони низомаш умумӣ адо мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, зикр мешавад, ки Бозорова ба гуноҳаш пурра иқрор шуда, Раҳимова айбро ба дӯш нагирифтааст.

Дар бораи дигар ҷузъиёти парванда, аз ҷумла чӣ гуна ба Абхазия омадани шаҳрвандони Тоҷикистон ва дар кадом ҳолат боздошт шудани онҳо хабар дода намешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.