Лоиқ Раҷабов, размикори тоҷики ММА дар доираи Лигаи UFC дар қувваозмоии дуюми худ бо варзишгари Лаҳистон (Полша) Матеуш Ребетски рақобат мекунад. Муҳориба рӯзи 24-уми июн дар мусобиқаи UFC on ABC 5 дар Ҷексонвилл (ИМА) баргузор мешавад. Дар ин бора дар гурӯҳи "Sport in Tajikistan" дар саҳифааш дар «ВКонтакте» хабар додааст.
Ребетски 17 ғалаба ва 1 бохт дорад. Ҳамчунин, ӯ чанде қабл ба промоушени UFC дохил шуда, моҳи январи соли 2023 варзишгари ҷавони амрикоӣ Ник Фиориро мағлуб кард.
Рақобати пешакии UFC 285 дар Лас-Вегас бо қарори доварон ба фоидаи Лоиқ Раҷабов анҷом ёфт. Ҳарифи ӯ варзишгари қаблан мағлубнашуда аз Аргентина Эстебан Рибович буд.
Дар муҳорибаи аввалини худ Лоиқ Раҷабов рекорди UFC-ро гузошт. Варзишгари тоҷик натанҳо аз рӯи холҳо ғолиб дониста шуд, балки аз рӯи тейкдаунҳо барои доваталаби вазни сабук ба рекорди промоушен ноил гардид: дар ҷараёни 3 раунд ӯ 11 маротиба ҳарифашро ба замин афтонд.
Айни замон Раҷабов 17 ғалаба, 4 бохт ва 1 мусовӣ дорад.
Ёдрас мекунем, ки Лоиқ Раҷабов чанде пеш дар Душанбе барои ҳамаи хоҳишмандон машғулияти кушод (мастер-класс) гузаронид. Ӯ такроран симои Федератсияи ҳунарҳои омехттаи ҷангӣ байни дӯстдорон – «TAJMMAF» барои соли 2023 интихоб шуд.


