Муҳорибаи дуюми Лоиқ Раҷабов дар UFC бо Матеуш Ребетски

Лоиқ Раҷабов, размикори тоҷики ММА дар доираи Лигаи UFC дар қувваозмоии дуюми худ бо варзишгари Лаҳистон (Полша) Матеуш Ребетски рақобат мекунад. Муҳориба рӯзи 24-уми июн дар мусобиқаи UFC on ABC 5 дар Ҷексонвилл (ИМА) баргузор мешавад. Дар ин бора дар гурӯҳи "Sport in Tajikistan" дар саҳифааш дар «ВКонтакте» хабар додааст. Ребетски 17 ғалаба ва 1 […]

Лоиқ Раҷабов, размикори тоҷики ММА дар доираи Лигаи UFC дар қувваозмоии дуюми худ бо варзишгари Лаҳистон (Полша) Матеуш Ребетски рақобат мекунад. Муҳориба рӯзи 24-уми июн дар мусобиқаи UFC on ABC 5 дар Ҷексонвилл (ИМА) баргузор мешавад. Дар ин бора дар гурӯҳи "Sport in Tajikistan" дар саҳифааш дар «ВКонтакте» хабар додааст.

Ребетски 17 ғалаба ва 1 бохт дорад. Ҳамчунин, ӯ чанде қабл ба промоушени UFC дохил шуда, моҳи январи соли 2023 варзишгари ҷавони амрикоӣ Ник Фиориро мағлуб кард.

Рақобати пешакии UFC 285 дар Лас-Вегас бо қарори доварон ба фоидаи Лоиқ Раҷабов анҷом ёфт. Ҳарифи ӯ варзишгари қаблан мағлубнашуда аз Аргентина Эстебан Рибович буд.

Дар муҳорибаи аввалини худ Лоиқ Раҷабов рекорди UFC-ро гузошт. Варзишгари тоҷик натанҳо аз рӯи холҳо ғолиб дониста шуд, балки аз рӯи тейкдаунҳо барои доваталаби вазни сабук ба рекорди промоушен ноил гардид: дар ҷараёни 3 раунд ӯ 11 маротиба ҳарифашро ба замин афтонд.

Айни замон Раҷабов 17 ғалаба, 4 бохт ва 1 мусовӣ дорад.

Ёдрас мекунем, ки Лоиқ Раҷабов чанде пеш дар Душанбе барои ҳамаи хоҳишмандон машғулияти кушод (мастер-класс) гузаронид. Ӯ такроран симои Федератсияи ҳунарҳои омехттаи ҷангӣ байни дӯстдорон – «TAJMMAF» барои соли 2023 интихоб шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.