Расман: Иди Қурбон 28-уми июн таҷлил мешавад

Date:

Имсол тибқи қарори Шӯрои уламои Тоҷикистон Иди Қурбон рӯзи 28-уми июн таҷлил мешавад. Дар ин бора Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ба “Азия-Плюс” иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои уламо гуфтаанд, мувофиқи далелҳои илмӣ ва дар асоси хулосаи Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯзи Иди саиди Қурбон дар кишвар ба чоршанбеи 28-уми июн рост меояд.

“Намози Иди Қурбон дар масоҷиди саросари кишвар соати 6:00-и субҳ муқаррар карда шуд”, – гуфт Афшини Муқим.

Бо назардошти он, ки як рӯз қабл аз Иди Қурбон дар Тоҷикистон ҷашни Ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад, раёсати Шӯрои уламо зимни ҷаласаи хеш аз аъзои Шӯро ва имомхатибон даъват кардаанд, ки дар мавъизаҳояшон роҷеъ ба неъмати бебаҳои сулҳу оромӣ суханронӣ намуда, дар дастгирии ятимону пиронсолон ва табақаи ниёзманди ҷомеа, рушду шукуфоии кишвар саҳми худро гузоранд.

Иди Қурбон идест, ки онро ҳамасола мусалмонони ҷаҳон дар рӯзи 10-уми Зулҳиҷҷа, пас аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр ҷашн мегиранд.  Дар Иди Қурбон мусалмонони ҷаҳон ба сафари ҳаҷ рафта, зиёрати хонаи Худоро ба ҷо меоранд. Ашхоси тавонманд дар ин рӯз, тибқи расми ин ойини мазҳабӣ, чорво қурбонӣ карда, ба ҳамсояҳои камбизоат ва мардуми дастнигар либосворӣ ва ё пулу маводи ғизоӣ кумак мекунанд.

Дар Тоҷикистон таҷлили Иди Қурбон маъмулан бо намози ид дар тамоми масҷидҳо шурӯъ мешавад. Рӯзи ид пас аз адои намози ид мардум ба дидори хешу ақрабо ва барои дуову фотеҳа сари мазори гузаштагони худ мераванд. Баҳри пешвози меҳмонон дар хонаводаҳо дастурхони идона ороста мешавад.

Ба ин тартиб, дар авали ҳафтаи оянда тоҷикистониён бо назардошти рӯзи якшанбе чаҳор рӯз пайиҳам истироҳат хоҳанд кард.

Барои пайиҳам омадани рӯзҳои истироҳат мувофиқи қарор ““Дар бораи гузарондани рӯзҳои ид ба рӯзҳои дигари кории соли 2023”, рӯзи шанбеи 24 июн рӯзи корӣ буда, истироҳат ба рӯзи душанбеи 26 июн гузаронида мешавад.

Мутаносибан, якшанбеи 25 июн ва душанбеи 26 июн рӯзҳои истироҳат буда, 27 июн дар кишвар ҳамчун Рӯзи ваҳдати миллӣ (инчунин рӯзи истироҳат) ва 28 июн Иди Қурбон, ки рӯзи истироҳат низ маҳсуб мешавад, таҷлил мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...