Ҷудочиёни тоҷик дар “Gran Slam”-и Уланбатор ва “Russian judo tоur”-и Челябинск иштирок мекунанд

Дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар мусобиқоти навбатии “Gran Slam” дар Уланбатори Муғулистон ва “Russian judo tоur” дар Русия ширкат мекунад. Дар ин бора Федератсияи ҷудои Тоҷикистон иттилоъ медиҳад. Ба гуфтаи манбаъ, “Gran Slam” дар Уланбатор рӯзҳои 23-25-уми ​​июн бо ширкати қариб 400 варзишгар аз беш аз 45 кишвари ҷаҳон баргузор мешавад. Тоҷикистонро дар ин мусобиқаҳо […]

Дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар мусобиқоти навбатии “Gran Slam” дар Уланбатори Муғулистон ва “Russian judo tоur” дар Русия ширкат мекунад. Дар ин бора Федератсияи ҷудои Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Ба гуфтаи манбаъ, “Gran Slam” дар Уланбатор рӯзҳои 23-25-уми ​​июн бо ширкати қариб 400 варзишгар аз беш аз 45 кишвари ҷаҳон баргузор мешавад. Тоҷикистонро дар ин мусобиқаҳо 7 варзишгар намояндагӣ мекунанд:

-60 кг – Мухаммадсолеҳ Қувватов

-60 кг – Меҳрзод Сӯфиев

-66 кг – Обид Ҷебов

-73 кг – Беҳрӯз Хоҷазода

-81 кг – Сомон Маҳмадбеков

-90 кг – Комроншоҳи Устопириён

+100 кг – Мансур Раҳмон

Маблағи умумии ҷоиза 154 ҳазор евроро ташкил медиҳад. Ғолибони ҳамаи 14 вазн 5000 евро, барандагони медалҳои нуқра 3000 евро ва барандагони медалҳои биринҷӣ 1500 евро мегиранд.

Ҳамчунин, аз “Gran Slam” дар Уланбатор сар карда, дар радабандии олимпӣ холшумории садфоиза шурӯъ мешавад. То ин вақт 50 фоизи холҳои варзишгарон ҳисоб карда мешуд.

Ҳамин тариқ, варзишгарон як соли дигар – то 25 июни соли 2024 имкон доранд барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ талош кунанд.

Дар асоси радабандии олимпӣ аз 25 июни соли 2024 дар ҳар вазн 18 нафар, бо дарназардошти як варзишгар аз як давлат, соҳиби роҳхати олимпӣ мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, 24-25 июн дар шаҳри Челябински Русия мусобиқаи навбатӣ оид ба ҷудо дар доираи “Russian judo tоur” баргузор мешавад, ки дар он ҳам варзишгарони тоҷик ширкат мекунанд.

Федератсияи ҷудои Тоҷикистон 6 варзишгарро ба Челябинск сафарбар менамояд:

-60кг – Ҳакдод Гулов

-66кг – Суҳроб Боқиев

-73кг – Абубакр Шеров

-81кг – Сайфиддин Сайфиддинзода

-100кг – Улуғбек Раҳимов

+100кг – Иброҳимҷон Элмуродов

Дар ин мусобиқа иштироки ҳудуди 400 варзишгар аз кишвари мизбон, инчунин Беларус, Арманистон, Тоҷикистон, Ҳиндустон, Муғулистон ва ғайра дар назар аст. Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мешаванд. Фонди умумии ҷоизаҳо 7,3 миллион рубли русиро ташкил медиҳад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.