Пули обу барқу партов ва андозу боҷи давлатӣ минбаъд ғайринақдӣ пардохта мешавад

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон бо судури як фармон пардохти нақдии андоз, боҷҳои давлатӣ ва дигар хизматрасониҳои муздноки давлатиро манъ кард. Ҳамакнун ин навъи хизматрасониҳо тариқи ғайринақдӣ ба роҳ монда мешавад.

Самонаи расмии Президенти Тоҷикистон матни Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ”-ро, ки имрӯз, 22-юми июн имзо шудааст, интишор намуд.

Тибқи ин фармон, аз 1-уми августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасониҳои тиббӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасониҳои давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ (минбаъд – хизматрасониҳои музднок) тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешавад.

Шурӯъ аз ин рӯз, аз ҷониби вазорату идораҳо, ташкилотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявии ҷумҳурӣ ба таври нақдӣ қабул намудани пардохти хизматрасониҳои музднок манъ карда мешавад.

Дар фармон таъкид мегардад, ки ниҳодҳои масъули давлатӣ, аз ҷумла Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзии молиявии ҷумҳурӣ барои қабули пардохтҳои ғайринақдӣ то 1-уми августи соли 2023 инфрасохтори заруриро таҳия, ташкил ва таъмин намуда, ҳамгироии инфрасохтори қабули пардохтҳои ғайринақдро муҳайё созанд.

Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки бо мақсади ҳавасмандгардонии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои анҷом додани хизматрасониҳои ғайринақдӣ, оид ба ҷорӣ намудани меъёри ягонаи пардохти ҳаққи хизматрасониҳои ғайринақдӣ ва тартиби пардохти он чораҷӯйӣ карда шавад.

Хадамоти алоқа ва дигар ниҳодҳои дахлдор вазифадор шудаанд, ки ҷиҳати таъмини амнияти иттилоотии пардохтҳои ғайринақдӣ чораҷӯйӣ намояд.

Аз ҷумла, Хадамоти алоқа ва дигар ниҳодҳои дахлдор уҳдадор шудаанд, ки якҷо бо операторони шабакаи алоқаи барқӣ пайвастшавии бефосила ба шабакаи интернет ва суръати зарурии он, инчунин фаъолияти муназзам (доимӣ)-и воситаҳои электронии пардохтиро таъмин намоянд.

Ба Кумитаи телевизион ва радио, Бонки миллии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатие, ки хизматрасониҳои музднокро ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ анҷом медиҳанд, дастур дода шудааст, ки корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳиро бо истифода аз тамоми воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоӣ, мунтазам амалӣ намоянд.

Инчунин, зикр гардидааст, ки Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои адлия, молия, Бонки миллии Тоҷикистон ва Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то 31 декабри соли 2023 ҷиҳати фаъол намудани портали ягонаи пардохти хизматрасониҳои давлатӣ чораҷӯйӣ намоянд.

Дар фармон зикр мегардад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои худро то 1 сентябри соли 2023 ба фармони мазкур мутобиқ намояд ва Бонки миллӣ, вазорату идораҳо ва ташкилотҳои давлатӣ ҳар семоҳа оид ба рафти иҷрои фармони мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...