Ӯзбекистон ба Толибон пешниҳод кард, ки канали Қӯштеппаро якҷо бунёд кунанд

Вазири хоҷагии оби Ӯзбекистон Шавкат Ҳамроев 20-уми июн дар як нишасти хабарӣ гуфт, Тошканд метавонад ба гуруҳи Толибон* дар сохтмони наҳри Қӯштеппа, ки аз дарёи Ому об мегирад, мусоидат кунад. Нашрияи “Газета.uz” бо истинод ба суханони вазир навиштааст, ки ҳайати Ӯзбекистон 22-уми марти имсол аз шаҳри Кобул боздид карда, нигаронии Тошкандро дар робита ба сохтмони […]

centralasian.org

Вазири хоҷагии оби Ӯзбекистон Шавкат Ҳамроев 20-уми июн дар як нишасти хабарӣ гуфт, Тошканд метавонад ба гуруҳи Толибон* дар сохтмони наҳри Қӯштеппа, ки аз дарёи Ому об мегирад, мусоидат кунад.

Нашрияи “Газета.uz” бо истинод ба суханони вазир навиштааст, ки ҳайати Ӯзбекистон 22-уми марти имсол аз шаҳри Кобул боздид карда, нигаронии Тошкандро дар робита ба сохтмони наҳри мазкур ба мақомҳои расмии Толибон расондаанд.

Ҳайати Ӯзбекистон гуфтаанд, сохтмони наҳри мазкур метавонад боиси тақвияти камобӣ дар кишварашон шавад. Толибон посух додаанд, ки барои ҳалли мушкили кишоварзони Афғонистон об лозим аст ва ин наҳр бояд сохта шавад.

Ҳамроев мегӯяд, дар сохтмони наҳри Қӯштеппа иштибоҳҳое дида мешавад ва Ӯзбекистон барои бартараф кардани онҳо ба Толибон пешниҳод кардааст, ки наҳрро бо ҳам бисозанд. Ба гуфтаи вазир, ҳайати Ӯзбекистон барои гуфтугӯ дар ин замина рӯзҳои наздик дубора ба Кобул меравад.

Қаблан як намояндаи Толибон ҳам гуфта буд, ки “Афғонистон омода аст, наҳри Қӯштеппаро дар ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон созад”. 

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – "Афғонистон" бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan — 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.