Аз 680 то 1020 сомонӣ ҷарима. Беш аз 60 духтур дар вилояти Суғд муҷозот шудаанд

Дар вилояти Суғд беш аз 60 духтур барои “иҷро накардани  дастурҳои клиникӣ” ва “риоя накардани талаботҳои протоколҳои клиникӣ” аз ҷониби Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муҷозот шудаанд. Ба иттилои Илҳом Пӯлотзода, сардори сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд давоми 5 моҳи аввали соли 2023 нисбати 24 […]

Дар вилояти Суғд беш аз 60 духтур барои “иҷро накардани  дастурҳои клиникӣ” ва “риоя накардани талаботҳои протоколҳои клиникӣ” аз ҷониби Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муҷозот шудаанд.

Ба иттилои Илҳом Пӯлотзода, сардори сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд давоми 5 моҳи аввали соли 2023 нисбати 24 нафар корманди тандурустӣ протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 16 ҳазору 660 сомонӣ ҷаримабандӣ шудааст.

Инчунин, ба сарварони муассисаҳои тиббӣ мактуб ирсол гардида, дархост шудааст, ки нисбати 38 нафар корманди тибб барои роҳ додан ба кабудиҳо муҷозоти интизомӣ татбиқ карда шавад.

“Кормандони соҳаи тибб тибқи моддаи 110-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, яъне “иҷро накардани  дастурҳои клиникӣ” ва “риоя накардани талаботҳои протоколҳои клиникӣ” муҷозоти маъмурӣ шудаанд. Аксари онҳо ба андозаи 10 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (1 нишондиҳанда 68 сомонӣ), яъне 680 сомонӣ ҷарима гардидаанд. Танҳо як нафар духтур 15 нишондиҳанда, яъне 1 ҳазору 20 сомонӣ ҷарима шудааст”, – зикр намуд Илҳом Пӯлотзода.

Гуфтан ба маврид аст, ки хунукназарӣ, таъиноти нодурусти доруворӣ, муносибати ғайрикасбӣ ва роҳ додан ба камбудиҳо ҳангоми иҷрои вазифаҳои касбӣ аз мубрамтарин масъалаҳое аст, ки сокинон вақти интиқод аз мушкилоти соҳаи тибб номбар мекунанд.

Мақомот низ аксар ҳолат, духтуронро бо ин ҷурм муҷозот менамоянд.

Масалан, аввали соли ҷорӣ, пас аз марги шашоник дар таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд, чанд корманди ин муассисаи тиббӣ муҷозот шуданд.

Моҳи майи соли ҷорӣ як духтури беморхонаи Ёрии таъҷилии шаҳри Душанбе барои “номатлуб иҷро кардани вазифаи касбӣ, ки боиси марги шахс шудааст” боздошт гардид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.