“8 парвандаи ҷиноятӣ боз шуд”. Додситонии кулл ҳимояву дастгирии давлатии соҳибкориро назорат мекунад

Меҳрофарин Наҷибӣ, Asia-Plus

Додситонии кулли Тоҷикистон барои вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ” 8 парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Ҳамчунин, 95 нафарро ба ҷавобгарии интизомӣ ва 48 нафарро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидааст.

Тавре сомонаи расмии ин ниҳод иттилоъ медиҳад, дар нимсолаи  аввали соли 2023 тибқи Нақшаи кории додситонӣ дар самти риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ” санҷишҳо гузаронида шуданд.

Муайян гардидааст, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ ҷиҳати татбиқи Қонуни мазкур тадбирҳои зарурӣ аз қабили таҳия ва амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ, таъсиси шӯроҳои ҳудудӣ оид ба рушди соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, бунёди инфрасохтори дахлдор, содда намудани расмиёти бақайдгирии соҳибкорӣ, андозбандӣ, қарздиҳӣ, иҷозатномадиҳӣ ва иҷозатдиҳӣ, фаъолияти зиддиинҳисорӣ, маҳдуд намудани санҷишҳои фаъолияти субъектони соҳибкорӣ ва ғайра андешида шудаанд.

“Дар ин раванд миқдори сохторҳои бақайдгирандаи фаъолияти соҳибкорӣ  аз 4 ба 1 адад, муҳлати бақайдгирӣ аз 49 то 3 рӯз кам карда шудааст. Низоми иҷозатномадиҳӣ (литсензиякунонӣ) барои машғул шудан ба намудҳои алоҳидаи фаъолияти соҳибкорӣ низ мавриди ислоҳот қарор дода шуда, шумораи намудҳои фаъолияте, ки иҷозатномаро талаб менамоянд аз  650  то 74 адад кам гардидааст”, – менависад Додситонии кулл.

Миқдори санҷишҳои фаъолияти соҳибкорон аз ҷониби мақомоти санҷишию назоратӣ аз 292 021 адади соли 2016 дар соли 2021 то 45 107 адад расида, 245 914 адад ё 6,5 баробар кам шудааст. Дар соли 2022 бошад, бо назардошти  эълон гардидани мораторий ба санҷишҳо шумораи онҳо ҳамагӣ  9 723 ададро ташкил додааст.

Ҳамчунин, дар иттилоия зикр мегардад, ки санҷишҳои прокурорӣ муайян намуданд, ки дар баробари корҳои иҷрошуда дар самти дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва рушди бахши хусусӣ ҳоло ҳам баъзе мушкилот  ва камбудиҳо ҷой доранд.

Чунончи, ҳолатҳои беиҷро мондани бандҳои алоҳидаи барномаҳои маҳаллии рушди бахши хусусӣ, таъмин накардани фаъолияти самараноки шӯроҳои ҳудудӣ оид ба рушди соҳибкорӣ, риоя накардани муҳлати баррасии  муроҷиатҳо оид ба додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, сари вақт пардохт накардани арзиши корҳои иҷронамудаи соҳибкорон ва ғайра дар баъзе шаҳру ноҳияҳо дида мешаванд.

Ҳолатҳои алоҳидаи риоя накардани тартиби гузаронидани санҷишҳои фаъолияти соҳибкорон, азҷумла дар мавриди гузаронидани санҷишҳои ғайринақшавӣ, нодуруст татбиқ намудани  ҷавобгарии маъмурӣ аз натиҷаи санҷишҳо ва ғайра  роҳ дода мешавад.

“Дар маҷмӯъ, зимни санҷишҳои мазкур аз ҷониби прокуророн баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 143 амр, 110 эътироз, 106  пешниҳод оварда, дар асоси санадҳои эътиноӣ 95 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 48 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида, 8 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст”, – омадааст дар хабари додситонӣ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...