Дар ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ дар пойтахт чӣ гуна чорабиниҳо баргузор мешаванд?

Имсол рӯзи 27 июн дар Тоҷикистон ҷашни 26-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад. Маъмулан ба муносибати ин ҷашн дар саросари кишвар чорабиниҳои гуногун баргузор мешаванд. Мо аз чорабиниҳои пешбинишуда ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе огаҳӣ ёфтем. Ёдрас мекунем, ки мутобиқи қонун “Дар бораи рӯзҳои ид”, ин рӯз истироҳат эълон шудааст. Тавре ки ба […]

Имсол рӯзи 27 июн дар Тоҷикистон ҷашни 26-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ таҷлил мегардад. Маъмулан ба муносибати ин ҷашн дар саросари кишвар чорабиниҳои гуногун баргузор мешаванд.

Мо аз чорабиниҳои пешбинишуда ба ин муносибат дар шаҳри Душанбе огаҳӣ ёфтем.

Ёдрас мекунем, ки мутобиқи қонун “Дар бораи рӯзҳои ид”, ин рӯз истироҳат эълон шудааст.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Раёсати фарҳанги шаҳрдории Душанбе хабар доданд, рӯзи 27 июн дар назди шаршараи “Наврӯзгоҳ” барномаи фарҳангиву фароғатӣ доир мегардад.

Барнома соати 18:00 оғоз гардида, дар доираи он консерт ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ барпо мешавад. Воридшавӣ ройгон аст.

Ҳамчунин дар пойтахт шурӯъ аз имрӯз дар чор ноҳияи шаҳр баргузории барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ ба нақша гирифта шудааст.

Масалан, имрӯз, 24 июн дар боғи “Ҷавонон”-и ноҳияи Сино консерт баргузор мешавад.

Ғайр аз ин, дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ваҳдати миллӣ Фестивали "Retro Auto and Retro Music" доир мегардад.

Фестивалро Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” ва “Маҳфили дӯстдорони автомобилҳои қадимаи Тоҷикистон дар майдони “800-солагии Маскав” дар назди Театри опера ва балети ба номи С.Айнӣ аз соати 16:00 то 21:00 баргузор мекунанд.

Дар фестивал натанҳо аз шунидани суруди таронаҳои писандидаи солҳои пеш ҳаловат бурда метавонед, балки дар викторинаву дигар озмунҳои шавқовар иштирок карда, соҳиби туҳфаҳо мегардед. Инчунин бо тамғаҳои қадимаи автомашинаҳо аз наздик шинос шуда метавонед.

Дар доираи фестивал сарояндагон Ёсамин Давлатова, Фотима Машрабова, Шаҳло Ҳафизова, Некрӯз Ниёзов ва Комила Раҳимӣ суруду таронаҳои писандидаи солҳои пешро бо сабку услуби худ иҷро карда, табъатонро болида мегардонанд.

Рӯзи 26 июн соати 18:00 дар боғи “Рӯдакӣ”-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт намоишномаи фараҳангиву фароғатӣ доир мегардад.

“Чунин чорабиниҳо ба фароҳам сохтани фазои идона ва муттаҳид намудани сокинони пойтахт дар ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ нигаронида шудаанд”, – изҳор доштан дар шаҳрдорӣ.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.