Обуҳавои 4 рӯзи истироҳат дар Тоҷикистон чӣ гуна мешавад?

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Аз 24 то 29 июн дар Тоҷикистон 2-3 дараҷа поинравии ҳарорат дар назар буда, дар ҳамин ҳол, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор боқӣ мемонад.

Ёдрас мекунем, ки имрӯз, 24 июн дар Тоҷикистон рӯзи корӣ буда, аз якшанбе, 25 июн пайиҳам то 29 июн рӯзи истироҳат мешавад – ду рӯзи истироҳат ва ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ ва Иди Қурбон.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” аз Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ хабар доданд, ҳавои аз ҳама гармтар дар ин рӯзҳо дар вилояти Хатлон пешбинӣ мешавад, ҳарчанд дар муқоиса бо рӯзҳои гузашта, ҳарорат каме поин меравад.

Дар водиҳо ҳарорат то 38-43 дараҷа ва дар доманкӯҳҳо – ҳудуди 38 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои дар водӣ қарордоштаи вилоят фаромадани чангу ғубор дар назар аст.

Ҳарорат дар водиҳои вилояти Суғд шабона 17-22 ва рӯзона 31-36 дараҷа гарм, дар кӯҳҳо рӯзона то 25 дараҷа гарм мешавад.

Дар ғарби ВМКБ шабона ҳарорат 14-19 дараҷа, рӯзона 33-37 дараҷа, дар шарқи вилоят шабона то 7 даарҷа ва рӯзона 17-22 дараҷа гарм мешавад. Дар ғарби вилоят тӯфони чангу ғубор ва дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат аз эҳтимол дур нест.

Дар шаҳри Душанбе рӯзона ҳарорат дар сатҳи 39 дараҷа ва шабона 23-25 дараҷа гарм мешавад. Каме тӯфони чангу ғубор ба мушоҳида мерасад.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво дар водиҳо то 39 дараҷа ва дар доманакӯҳҳо 30-35 дараҷа гарм мешавад. Ин ҷо ҳам чангу ғубор боқӣ мемонад.

Тӯфони чангу ғубор дар Душанбе аз куҷост?

Ба гуфтаи роҳбари Маркази омӯзиши тағйирёбии иқлим ва қишри озонии назди Агентии обуҳавошиносӣ Саттор Саидов, чангу ғубор дар шаҳр аз вазиши шамол аз дараи Варзоб меояд. Сохтмони босуръат низ ба вазъияти шаҳр таъсир мерасонад.

“Ҳангоми сохтмон дар шаҳрҳо одатан нармшавӣ ва ҳаракати хок ба амал меояд. Ин ба он оварда мерасонад, ки қабати ҳосилхези хок, ки дар таркибаш зарраҳои органикӣ ва маводи растанӣ мавҷуд аст, вайрон мешавад. Вақте ки ин гуна хок хушк мешавад, шамол метавонад чангро ба осонӣ бурда, тӯфони чангу ғуборро ба вуҷуд орад.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки дар корҳои сохтмон маъмулан асбобу механизм ва техникаҳои гуногун, аз қабили булдозер, экскаватор ва мошинҳои боркаш истифода мешаванд.

"Ин мошинҳо метавонанд ба асфалт, бетон ва хок осеб расонанд, ки боиси ба ҳаво хестани миқдори зиёди ғубор мегардад, – шарҳ дод коршинос. – Майдонҳои сохтмон одатан аз дарахту, буттаҳо ва дигар растаниҳо, ки метавонанд чангро нигоҳ доранд, холианд. Аз ин рӯ, шамоли суст ҳам чанг мехезонад”.

Ба гуфтаи ӯ, ба сурати умум, афзоиши тӯфони чангу ғубор дар соли ҷорӣ дар Тоҷикистон ба боришоти начандон зиёд дар фасли баҳор низ марбут аст, ки ба ковоку мулоим шудани хок боис мегардад. Чунин вазъ дар кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистон ва Ӯзбекистон низ ҷой дошта, чангу ғубор ба Тоҷикистон аз он ҷо низ мерасад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...