Аз Тоҷикистон то ба Ҷопону Туркия. Асрори муваффақияти як зани тоҷик

Замира Кимсанова зодаи шаҳри Исфараи вилояти Суғд аст ва ҳоло дар шаҳри Анталияи Туркия ба ҳайси мушовири байналмилалии яке аз ширкатҳои пурнуфузи сайёҳӣ фаъолият мекунад. Ӯ миёни тоҷикони муқими Туркия соҳиби эҳтироми хосса буда, яке аз тоҷикони муваффақ дониста мешавад. Барои соҳиби чунин мақом гардидан ва муваффақ шудан ӯ роҳи дарози пуршебу фарозро тай кардааст. […]

Муборак Қосим, рӯзноманигори шаҳрвандии Asia-Plus

Замира Кимсанова зодаи шаҳри Исфараи вилояти Суғд аст ва ҳоло дар шаҳри Анталияи Туркия ба ҳайси мушовири байналмилалии яке аз ширкатҳои пурнуфузи сайёҳӣ фаъолият мекунад. Ӯ миёни тоҷикони муқими Туркия соҳиби эҳтироми хосса буда, яке аз тоҷикони муваффақ дониста мешавад.

Барои соҳиби чунин мақом гардидан ва муваффақ шудан ӯ роҳи дарози пуршебу фарозро тай кардааст.

Ҷопон – хушбахтие, ки ба ёд оварданаш душвор аст

Замира Кимсанова қабл аз ба Туркия рафтан, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм карда, дар ватан ба шавҳар баромадааст ва як ҷо бо шавҳараш 12  сол дар бахши обёрии кишвар фаъолият намудааст.

“Соли 2014 шавҳарам ба яке аз донишгоҳҳои давлати Ҷопон дохил шуд ва таҳсилро оғоз намуд. Мо оилавӣ ба ин давлат сафар кардем ва он ҷо зиндагиро ихтиёр намудем. Вақте шавҳарам таҳсил мекарданд, ман ва фарзандонам ба омӯхтани забони ҷопонӣ машғул шудем”, – мегӯяд Замира Кимсанова.

Соли 2015 онҳо ба ватан бармегарданд. Нақшаҳои зиёд барои минбаъда, аз ҷумла доир ба таҳсили фарзандон мекашанд. Соли 2020 шавҳари Замира бори дигар ба Ҷопон сафар мекунад ва дар он ҷо ба сактаи қалб гирифтор шуда, мефавтад.

“Ҷопон кишвари зебо аст, мо ҳам он ҷо зиндагии хуш доштем, аммо пас аз марги саробони оила, аз он рӯзҳо фақат хотираҳои нек дар зеҳнамон боқӣ мондаасту халос.

Фарзандон дар ҷустуҷӯи роҳи падар

Замира мегӯяд, шавҳараш ҳамеша орзуи соҳибилм шудани фарзандонро дошт, аз ин лиҳоз, баъди марги ӯ, талош дорад орзуи шавҳарашро амалӣ кунад.

Ҳоло фарзанди бузурги Замира дар Донишгоҳи байналмилалии Ҷопон дар бахши муносибати байналмилалӣ таҳсил мекунад. Фарзанди дуюмаш Донишгоҳи Билими шаҳри Анталияи Туркия интихоб кардааст.

“Баъди ба Донишгоҳи Билими шаҳри Анталия дохил шудани духтарам, ба хулосае омадам, ки ба назди ӯ равам. Чун ӯ духтар аст ва таҳсилу тарбияи духтар бисёр нозук мебошад. Аз ин лиҳоз, писари хурдиамро гирифтаму ба назди духтари калонӣ ба Туркия рафтам. Писари хурдӣ ҳам ба коллеҷи ин шаҳр дохил шуд ва мо ин ҷо мондем”, – мегӯяд Замира.

Муаррифи Тоҷикистон дар Туркия

Замира мегӯяд, барои як зан таъмини таҳсили шоистаи фарзандон дар донишгоҳҳои хориҷӣ ва зиндагии онҳо кори осон нест, аммо модар барои хушбахтии фарзанди хеш ба ҳар кор қодир аст.

“Соли аввали зиндагӣ дар Туркия бароям хеле мушкил буд. Чун барои таҳсили фарзандон, зиндагӣ ва иҷораи хона маблағи зиёд сарф мешуд. Танҳо барои ояндаи хушбахти фарзандон ин ҳама душвориҳоро паси сар кардаву кор мекардам”, – зикр мекунад Замира.

Ӯ дар як муддати кӯтоҳ забони туркиро омӯхт ва ҳамчунин, ба ҷамъияти тоҷикони Анталия робитаро ба роҳ монд. Ӯ ба чорабиниҳои ин ҷамъият даъват мешуд ва бо ҳамватанону туркони касбу кори гуногун шинос шуд. Ин ба Замира кӯмак намуд, ки ба зиндагӣ дар давлатӣ бегона тезтар одат кунад.

“Дар чорабиниҳое, ки ташкил мешуд, иштирок мекардам ва масъулиятҳоеро ҳам дар ин ҷамъият ба зимма доштам. Аз ҷумла, муаррифии шоистаи Тоҷикистон ва тоҷикон дар Туркия. Ин буд, ки аз ҷониби раиси шаҳри Анталия барои фаъолиятҳои ҷамъиятӣ ва тақвияти равобити дӯстии халқҳо қадрдонӣ гардидам”, – иброз медорад Замира.

“Тоҷикистонро зиёд пазмон мешавад”

Ҳоло Замира Кимсанова 42 сол дорад ва чор забони хориҷиро медонад. Дар ширкати бонуфузи туристии “Реал Шевкет Групп” ба ҳайси мушовири байналмилалӣ фаъолият мекунад.

Ӯ мегӯяд, фаъолияташ дар ин ширкат ба сайёҳӣ ва робитаи дӯстӣ бо давлатҳои Ҷопон, Ҳиндустон ва Тоҷикистон равона шудааст. Ҳамчунин, ӯ барои пешрафти соҳаи туризм ва бо кор таъмин кардани шаҳрвандону донишомӯзони Тоҷикистон дар Туркия талош мекунад.

Чандин лоиҳаҳое, ки Замира таҳияву амалӣ кардааст, барои таҳсил ва кори ҷавонони тоҷик дар Туркия ва Ҷопон мусоидат намудааст.

“Тоҷикистонро зиёд пазмон мешавад, чун сахт дӯст медорад. Аз ин лиҳоз, ҳангоми таҳияи лоиҳаҳо ҳамеша кӯшиш мекунам, Тоҷикистон ё тоҷикон низ ба он шомил шаванд. Мехоҳам дар рушди бахши сайёҳии кишварам саҳми худро гузорам”, – таъкид мекунад Замира.

Ӯ барои онҳое, ки мехоҳанд дар давлатҳои хориҷӣ кору зиндагӣ кунанд, маслиҳат медиҳад, ки забон омӯзанд, бо фарҳангу қонунҳои он давлатҳо шинос шаванд ва онро эҳтиром кунанд.

“Муҳимтар аз ҳама, ноумеду руҳафтода набояд шуд. Дар оғоз хеле мушкил аст, вале кушишу талош ва қадами устувор гузоштан дар роҳи расидан ба ҳадаф, инсонро муваффақ мегардонад”,-хулоса мекунад Замира.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.